С.Аслов ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД-ро баргузор мекунад

Санаи 21 декабри соли 2014 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба шаҳри Маскав сафар кард. Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, имрӯз ҷаласаи Шӯро таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд, зеро раёсати […]

ASIA-Plus



Санаи 21 декабри соли 2014 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба шаҳри Маскав сафар кард.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, имрӯз ҷаласаи Шӯро таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд, зеро раёсати Шӯро аз Русия ба Тоҷикистон мегузарад.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо низ ҷиҳати иширок дар ҷаласаи муштараки имрӯзаи вазирони мудофиаи кишварҳои узви СААД ба Маскав раҳсипор шудааст.

Ёдрас мекунем, ки санаи 23-юми декабр дар шаҳри Маскав ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД)

ба кор оғоз мекунад

, ки таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Монеи издивоҷ бо дӯстдухтар шуданд. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.