Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои нав дар мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кори содиқонаю софдилона, мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои мардум ва умуман таъмини волоияти қонун дар ҷомеа ҳидоят намуд.
Гуфта мешавад, прокурорҳои шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Кӯлоб, Носири Хусрав, Восеъ, Рӯдакӣ, Рашт, прокурорҳои ҳарбии гарнизонҳои Душанбе, Рашт ва Хоруғ, прокурори нақлиётии вилояти Суғд, сардорони ду раёсати Прокуратураи генералӣ ва машваратчии калон-сардори шуъбаи амнияти ҷамъиятии Шӯрои амнияти Тоҷикистон иваз карда шуданд.


