Соли оянда дар Суғд мактаби футбол таъсис дода мешавад

Раиси вилояти Суғд ва ҳамзамон раиси Федератсияи футболи вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо роҳбарият ва ҳайати дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд мулоқот кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар оғози суҳбат раиси вилоят зикр дошт, ки имрӯзҳо аз ҷониби давлату ҳукумат баҳри дастгирии намудҳои гуногуни варзиш, хосса футбол тамоми тадбирҳо андешида мешавад . […]

ASIA-Plus



Раиси вилояти Суғд ва ҳамзамон раиси Федератсияи футболи вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо роҳбарият ва ҳайати дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд мулоқот кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар оғози суҳбат раиси вилоят зикр дошт, ки имрӯзҳо аз ҷониби давлату ҳукумат баҳри дастгирии намудҳои гуногуни варзиш, хосса футбол тамоми тадбирҳо андешида мешавад .

Дар мулоқот оиди бурду бохт ва фаъолияти даста дар соли равон ҳисоботи директори клуби «Хуҷанд» Раҳимхӯҷа Қобилхӯҷаев шунида шуд. Номбурда қайд намуд, ки  дастаи «Хуҷанд» – и Хуҷанд  чемпионати 23-уми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футболро бо гирифтани зинаи чоруми ҷадвали мусобиқот ба анҷом расонид.

Таъкид гардид, ки барои ҳунарнамоии хуби футболбозон шароити лозима фароҳам оварда шуд. Новобаста ба ин ҳунарнамоии футболбозони даста ва сазовор гаштан ба мақоми чорум ғайриқаноатбахш арзёбӣ гардид. Вобаста ба бартараф намудани мушкилоту муаммои ҷойдошта ва дар оянда ноил гаштан ба натиҷаҳои назарраси варзишӣ мулоқоти ошкорои роҳбари вилоят бо ҳозирин, бозингарону мураббиён, мухлисон ва собиқадорони соҳа ба вуқӯъ пайваст.

Ҳозирин фикру ақидаи хешро перомунин масъалаи баррасишаванда иброз дошта, таъкид намуданд, ки ҷавобан ба чунин таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳо бояд дастаи мазкур дар ҷадвали мусобиқот ба натиҷаи аз ин ҳам болотар сазовор мегашт. Бо мақсади мустаҳкам намудани фаъолияти минбаъдаи даста, дар ҳайати роҳбарикунандаи он тағйироти кадрӣ ба амал оварда шуда, ба вазифаи директори даста  номзадии Рустам Марофиев пешниҳод гардид. Ҳозирин изҳор доштанд, ки чунин тағйиротӣ кадрӣ ба пешрафти фаъолияти даста таъсири мусбӣ хоҳад расонид.

Роҳбари вилоят таъкид дошт, ки давоми соли оянда бо мақсади ривоҷи футбол дар вилоят мактаби вилоятии футбол таъсис дода мешавад, ки баҳри тарбияи варзишгарони бомаҳорат хизмат хоҳад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.