Тамоми тоҷикистониёни муқими хориҷи кишвар танҳо ба як номзад овоз медиҳанд

Тамоми 35 қитъаи овоздиҳии дар қаламрави 27 давлатҳои хориҷӣ таъсисёфта оид ба интихоби вакилон ба палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба ҳайати ҳавзаи якмандатии интихоботии №3-и Шоҳмансури шаҳри Душанбе дохил карда шуданд. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзҳои наздик дар қитъаҳои интихоботии мазкур ба тартиб додани рӯйхатҳои […]

Аваз Юлдошев



Тамоми 35 қитъаи овоздиҳии дар қаламрави 27 давлатҳои хориҷӣ таъсисёфта оид ба интихоби вакилон ба палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба ҳайати ҳавзаи якмандатии интихоботии №3-и Шоҳмансури шаҳри Душанбе дохил карда шуданд.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзҳои наздик дар қитъаҳои интихоботии мазкур ба тартиб додани рӯйхатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки  муқими кишварҳои хориҷӣ мебошанд, оғоз мекунанд.

«То санаи интихобот барои шаҳрвандоне, ки ба рӯйхатҳои аввалӣ шомил нашудаанд, рӯйхатҳои иловагӣ тартиб дода мешаванд», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли Додозода, дар қитаҳои интихоботии мазкур дар маконе, ки шумори зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд, бахусус дар Русия, ҳамчунин қуттиҳои сайёри раъйдиҳӣ низ ташкил карда мешавад.

Ҳамин тариқ, ба як ҳавзаи якмандатии интихоботӣ шомил кардани ҳамаи шаҳрвандони тоҷикистонии муқими кишварҳои хориҷӣ маънои онро дорад, ки сарфи назар аз шумор, онҳо танҳо ба як номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон овоз дода метавонанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.