Соли гузашта дар Суди олӣ ҳеҷ як ҳукми эътирофи бегуноҳӣ содир нашуд

Соли 2013 Суди олии Тоҷикистон 128 парвандаҳои гуногунро мавриди баррасӣ қарор дода, дар ҳеҷ кадоме аз онҳо ҳукми эътирофи бегуноҳӣ содир нашуд. Зимни вохӯрӣ бо намояндаони ВАО раиси Суди олии ҷумҳурӣ Нусратулло Абдуллозода изҳор намуд, ки аз 46 парванаи ҷиноии баррасишуда нисбати 81 нафар шаҳрвандон ҳукмҳои марбут ба маҳрум кардан аз озодӣ содир шуда, 1 […]

Аваз Юлдошев



Соли 2013 Суди олии Тоҷикистон 128 парвандаҳои гуногунро мавриди баррасӣ қарор дода, дар ҳеҷ кадоме аз онҳо ҳукми эътирофи бегуноҳӣ содир нашуд.

Зимни вохӯрӣ бо намояндаони ВАО раиси Суди олии ҷумҳурӣ Нусратулло Абдуллозода изҳор намуд, ки аз 46 парванаи ҷиноии баррасишуда нисбати 81 нафар шаҳрвандон ҳукмҳои марбут ба маҳрум кардан аз озодӣ содир шуда, 1 парвандаи ҷиноӣ нисбати 2 нафар дар робита ба марги судшавандаҳо қатъ карда шудааст, 1 парванда бинобар сабаби гузаштани муҳлати баррасии ҷинояти содиршуда ва 2 парванда бо сабаби бозпас хондани айбномаҳо аз ҷониби айбдоркунандагони давлатӣ низ қатъ гардидааст.

Абдуллозода таъкид дошт, ки соли гузашта дар тамоми зинаҳои мақомоти судии Тоҷикистон 125 ҳазору 284 парвандаҳои ҷиноӣ, шаҳрвандӣ, маъмурӣ ва оилавӣ баррасӣ шуда, нисбати 6 ҳазору 714 парванда шикоят оварда шудааст.

«Дар натиҷаи баррасии парвандаҳое, ки аз болояшон шикоят оварда шуда буд, 416 қарори судӣ бекор карда шуд, ки 0,31% аз шумори умумии парвнадаҳои баррасишударо ташкил медиҳад», – афзуд раиси Суди олии ҷумҳурӣ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.