Вазир: Бо дастгирии сарвари давлат шароити хизмати кормандони ВКД беҳтар мешавад

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро бар ин назар аст, ки бо дастгирии сарвари давлат сол то сол шароити хизмати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ беҳтар мешавад. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта зимни суханронӣ дар ҷаласаи Мушовараи Вазорат Рамазон Раҳимзода дар ин робита зикр кард, ки давоми соли […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро бар ин назар аст, ки бо дастгирии сарвари давлат сол то сол шароити хизмати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ беҳтар мешавад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта зимни суханронӣ дар ҷаласаи Мушовараи Вазорат Рамазон Раҳимзода дар ин робита зикр кард, ки давоми соли 2014 бисёр биноҳои нав ва иншоот барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди истифода қарор гирифтанд.

«Аз ҷумла сохтмони биноҳои Дастаҳои таъиноти махсуси милитсия дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Қурғонтеппа, Хуҷанд, Хоруғ ва Рашт, биноҳои шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Шӯробод, шуъбачаҳои минтақавии милитсия дар ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино, Рўдакӣ, Восеъ ва ғайра, дармонгоҳи тиббӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Рашт, бунёду азнавсозии қисми ҳарбии 3502 (ба маблағи 10 миллион сомонӣ), ба истифода додани бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ-хизматӣ, оғози бунёди бинои замонавии Академия ва таҷдиду азнавсозии қисми ҳарбии 5453  аз дастовардҳои беҳтарин дар соли сипаригашта ба ҳисоб мераванд», – гуфт ӯ.

Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ қайд кард, ки ҳамзамон дар соли сипаригашта ба зиёда аз 230 нафар кормандони мақомот қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ба 76 нафар хонаи истиқоматии хизматӣ, ба ҷузъу томҳои мақомот 96 – адад автомашинаҳои хизматӣ, зиёда аз 500-адад таҷҳизоти техникӣ ва ба 162 нафар занони мақомот  маблағҳои пулӣ дода шуд.

«Бо мақсади дастгирии фарзандони оилаҳои бесаробонмондаи кормандони мақомоти  корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Кӯлоб таъсис дода шуд, ки айни замон беш аз 100 нафар дар он бо таҳсил фаро гирифта шуданд», – иброз дошт Рамазон Раҳимзода.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.