КИВИН-2015: Дастаи Тоҷикистон ба даври дуюм роҳ ёфт

Дар Фестивали 26-уми байнулмилалии дастаҳои «КВН Кивин-2015» (Клубҳои зарофатгӯёну ҳозирҷавобон) дар шаҳри Сочии Русия ҳудуди 400 даста аз 14 кишвари дунё ширкат меварзанд. Тоҷикистонро дастаи КВН «Мунтахаби Тоҷикистон» намояндагӣ мекунад, ки ҳайаташ аз беҳтарин зарофатгӯёну ҳозирҷавобони ҷумҳурӣ иборат аст. Роҳбари даста Хайрулло Мирсаидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз 12 то 16-уми […]

ASIA-Plus



Дар Фестивали 26-уми байнулмилалии дастаҳои «КВН Кивин-2015» (Клубҳои зарофатгӯёну ҳозирҷавобон) дар шаҳри Сочии Русия ҳудуди 400 даста аз 14 кишвари дунё ширкат меварзанд. Тоҷикистонро дастаи КВН «Мунтахаби Тоҷикистон» намояндагӣ мекунад, ки ҳайаташ аз беҳтарин зарофатгӯёну ҳозирҷавобони ҷумҳурӣ иборат аст.

Роҳбари даста Хайрулло Мирсаидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз 12 то 16-уми январ ҳамаи дастаҳои фестивал дар давраи аввал ҳунарнамоӣ намуда, аз рӯи натиҷаҳои он рӯйхати дастаҳои ба даври дуюм роҳёфта эълон карда шудааст.

«Аз 382 дастаи дар даври аввал ширкатдошта 72 даста ба даври дуюм гузаштанд, ки миёни онҳо дастаи Тоҷикистон низ ҳузур дорад. Барои дастаи мо ин аллакай як дастоварди арзанда буда, дар пеш ҳунарнамоӣдар даври дуюм моро интизор аст, ки аз рӯи натиҷаҳои он дастаҳое муайян карда мешаванд, ки дар барномаи телевизионии Фестивал иштирок хоҳанд кард. Табъи дастаи мо болида буда, омодаем, ки барои расидан ба натиҷаҳои ҳарчи хубтар талош варзем», – гуфт Мирсаидов.

Қобили зикр аст, ки Фестивали мазкур то 25-уми январ идома меёбад. Иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин чорабинӣ бевосита бо дасггирии раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ сурат гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.