Боздошти сокини Суғд зимни интиқоли ғайриқонунии сигарет аз Афғонистон

Кормандони Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ сокини шаҳри Хуҷанд Саидҷалол Саидовро ҳангоми кӯшиши интиқоли ғайриқонунии миқдори зиёди сигарет аз Афғонистон боздошт намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Хадамоти гумруки ҶТ, дар гузаргоҳи «Панҷи Поён» Саидҷалол Саидов дар пинҳонгоҳи махсуси қисми поёнии бордони автомашинаи худ ба миқдори 1 ҳазору 898 адад бастаи сигаретаҳои тамғаи «ЕSSЕ»-и истеҳсоли […]

ASIA-Plus



Кормандони Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ сокини шаҳри Хуҷанд Саидҷалол Саидовро ҳангоми кӯшиши интиқоли ғайриқонунии миқдори зиёди сигарет аз Афғонистон боздошт намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Хадамоти гумруки ҶТ, дар гузаргоҳи «Панҷи Поён» Саидҷалол Саидов дар пинҳонгоҳи махсуси қисми поёнии бордони автомашинаи худ ба миқдори 1 ҳазору 898 адад бастаи сигаретаҳои тамғаи «ЕSSЕ»-и истеҳсоли давлати Кореяро ҷойгир кунонида, аз болои он миқдори 1 ҳазору 350 халтаҳои пиёзро устокорона чидаву бо ин усул мехост онро аз назари гумрукчиён пинҳонӣ ва ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон интиқол бидиҳад.

«Ҳангоми пурсиш маълум гардид, ки Саидҷалол Саидов ин миқдор маҳсулоти тамокугиро аз омии Афғонистон бо мақсади тиҷорат харидорӣ намуда, мехост бо нархи гаронтар бидуни тамғаи аксизӣ ва ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон ба фуруш бароварда, аз ин ҳисоб даромади муфт ба даст орад», – омадааст дар маълумоти Хадамоти гумрук.

Гуфта мешавад, аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.