Пешбарии 212 нафар номзад аз ҳавзаҳои якмандатӣ

Тибқи натиҷаҳои ҷараёни пешбарии номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ки санаи 15-уми январ ба итмом расид, аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ барои ишғоли 41 курсии парлумон 212 нафар номзадҳо доваталабӣ мекунанд. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз ин шумор 108 нафар номзадҳо аз ҷониби […]

Аваз Юлдошев



Тибқи натиҷаҳои ҷараёни пешбарии номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ки санаи 15-уми январ ба итмом расид, аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ барои ишғоли 41 курсии парлумон 212 нафар номзадҳо доваталабӣ мекунанд.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз ин шумор 108 нафар номзадҳо аз ҷониби аҳзоби сиёсӣ пешбарӣ шуда, 104 нафар тариқи худпешбарӣ номзадиашонро гузоштаанд.

«Шумори аз ҳама бештари номзадҳо ба вакилӣ дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Шоҳмансури пойтахт ба қайд гирифта шудааст, ки 8 нафаранд», – иброз дошт вай.

Номбурда таъкид дошт, ки ҷараёни сабти расмии номзадҳо ба вакилӣ рӯзи 19-уми январ оғоз гардида, то 9-уми феврал идома меёбад.

Ёдрас мекунем, ки ба 22 курсии парлумон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон 123 нафар номзадҳоро пешбарӣ карданд, ки 104 нафарашон аз санҷиши забони тоҷикӣ гузаштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.