HRW: «Шуҳрат Қудратов бояд озод карда шавад»

Созмони байнулмилалии ҳомии ҳукуқи Human Rights Watch (HRW) дар робита ба ҳукми содиршуда нисбати адвокат Шуҳрат Қудратов нигаронӣ изҳор кард. «Парванда алайҳи Шуҳрат Қудратов ба озодии изҳори андеша ва мустақилияти касб дар бахши ҳуқуқшиносӣ дар Тоҷикистон зарба зад», – гуфта мешавад дар изҳороти инишоршудаи HRW, ки мурофиаи судӣ нисбати Шуҳрат Қудратовро «марбут ба ангезаи сиёсӣ» […]

ASIA-Plus



Созмони байнулмилалии ҳомии ҳукуқи Human Rights Watch (HRW) дар робита ба ҳукми содиршуда нисбати адвокат Шуҳрат Қудратов нигаронӣ изҳор кард.

«Парванда алайҳи Шуҳрат Қудратов ба озодии изҳори андеша ва мустақилияти касб дар бахши ҳуқуқшиносӣ дар Тоҷикистон зарба зад», – гуфта мешавад дар изҳороти инишоршудаи HRW, ки мурофиаи судӣ нисбати Шуҳрат Қудратовро «марбут ба ангезаи сиёсӣ» унвон мекунад.

HRW хотиррасон мекунад, ки Шуҳрат Қудратов ҳамчунин муовини раиси ҲСДТ буда, дар мурофиаи судӣ аксаран аз манфиатҳои ҷабрдидагон аз шиканҷа дар мақомоти пулис ва афроди гумонбар ба «ифротгароии динӣ» ҳимоят мекард. «Қудратов бояд озод карда шуда, ҳукуматдорон бояд мустақилияити адвокатура дар Тоҷикистонро таъмин намоянд», – баён мешавад дар изҳорот.

«Айбномаҳо нисбати Қудратов, ки мо онҳоро марбут ба ангезаҳои сиёсӣ мешуморем, бевосита ба мустақилияти касби ҳуқуқшиносӣ дар кишвар таъсири манфӣ мегузоранд», – иброз доштааст Стис Свердлов, муҳаққиқи Осиёи Марказӣ дар созмон.

Қаблан нисбати ҳукм ба Шуҳрат Қудратов ҳамчунин Фонди байнулмилалии дифоъ аз ҳомиёни ҳуқуқи «Front Line Defenders» ва Донишкадаи Ҳуқуқи Расонаҳо (Медиа) дар Украина низ нигаронӣ изҳор намуда буданд.

Шӯрои Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 18-уми январ қарор кард, ки санаи 21-уми январро

Рӯзи ҳамраъйӣ

бо адвокати маҳкумшуда Шуҳрат Қудратов эълон намояд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 13-уми январ суди шаҳри Душанбе Шуҳрат Қудратовро ба 

9 соли зиндони низомаш шадид

 маҳкум кард. Ба ӯ ҳамчунин дар муддати ду сол пас аз озодӣ машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ низ манъ карда шуд.

Раҳматилло Зойиров қаблан изҳор намуда буд, ки зерҳимояаш бо дифоъ аз манфиатҳои Зайд Саидов ва дигар шахсон, ки тафтишоти парвандаи онҳо ба дӯши Агентии зиддифасод вогузор шуда буд, 

ба ин мақомот халал мерасонд

, «вагарна Шуҳрат Қудратов ба озодӣ мебаромад».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.