Хатсайри ҳавоӣ миёни Душанбеву Тошканд моҳи март барқарор мешавад?

Ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» («Uzbekistan Airways») аз 29-уми март ба роҳандозии парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Тошканд – Душанбе оғоз мекунад. Бино ба маълумоти расонаҳои интернетӣ, ки ба хизматгузориҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ машғуланд, парвози нахустин тариқи ин хатсайр баъди таваққуфи тӯлонӣ субҳи рӯзи 29-уми март аз ҷониби ширкати UZ Airways анҷом дода мешавад. Гуфта […]

ASIA-Plus



Ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» («Uzbekistan Airways») аз 29-уми март ба роҳандозии парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Тошканд – Душанбе оғоз мекунад.

Бино ба маълумоти расонаҳои интернетӣ, ки ба хизматгузориҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ машғуланд, парвози нахустин тариқи ин хатсайр баъди таваққуфи тӯлонӣ субҳи рӯзи 29-уми март аз ҷониби ширкати UZ Airways анҷом дода мешавад.

Гуфта мешавад, рақами хатсайр HY 783 буда, он бо ҳавопаймои навъи «Airbus A320» сурат мегирад. Рақами хатсайри парвоз аз Душанбе ба Тошканд HY 783 буда, он низ ҳамон рӯз бо ҳавопаймои навъи «Airbus A320» (вақти парвоз – 08:55 ва расидан ба нуқтаи таъинот – 10:00) ба иҷро мерасад.

Зимнан зикр мегардад, ки вақти павоз 1 соату 5 дақиқаро ташкил дода, парвози ҳавопаймоҳо тавассути ин хатсайр ду маротиба дар як ҳафта мукаррар шудааст.

Шахсони расмӣ алҳол ин хабарро ба ҳеҷ гунае шарҳ надодаанд, вале рӯзи

12-уми январи соли равон

«Азия-Плюс» иттилоъ дода буд, ки дар доираи тавофуқоти ҳосилшуда зимни вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе, баҳри баланд бардоштан ва беҳбуди муносибатҳои дуҷониба, Тоҷикистон ба Ӯзбекистон як қатор пешниҳодҳо кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.