Рӯзи ҳамраъйии ҲСДТ бо адвокати маҳкумшуда Шуҳрат Қудратов

Шӯрои Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 18-уми январ қарор кард, ки санаи 21-уми январро Рӯзи ҳамраъйӣ бо адвокати маҳкумшуда Шуҳрат Қудратов эълон намояд. Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин қарорро Консорсиуми ҳуқуқии Тоҷикистон ва номзадҳои аз ҷониби ҳизб ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбаришуда дастгирӣ карданд. […]

Аваз Юлдошев



Шӯрои Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 18-уми январ қарор кард, ки санаи 21-уми январро Рӯзи ҳамраъйӣ бо адвокати маҳкумшуда Шуҳрат Қудратов эълон намояд.

Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин қарорро Консорсиуми ҳуқуқии Тоҷикистон ва номзадҳои аз ҷониби ҳизб ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбаришуда дастгирӣ карданд.

Ба гуфтаи Зойиров, санаи 21-уми январ Шуҳрат Қудратов синни 38-солагиро пур мекунад ва ҳамчунин аз боздошти ӯ расо ним сол сипарӣ мешавад. «Имрӯз ман ҳамчун адвокат аз болои ҳукми суди шаҳри Душанбе нисбати зерҳимояам шикоят мебарам», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 13-уми январ суди шаҳри Душанбе Шуҳрат Қудратовро ба

9 соли зиндони низомаш шадид

 маҳкум кард. Ба ӯ ҳамчунин дар муддати ду сол пас аз озодӣ машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ низ манъ карда шуд.

Раҳматилло Зойиров қаблан изҳор намуда буд, ки зерҳимояаш бо дифоъ аз манфиатҳои Зайд Саидов ва дигар шахсон, ки тафтишоти парвандаи онҳо ба дӯши Агентии зиддифасод вогузор шуда буд,

ба ин мақомот халал мерасонд

, «вагарна Шуҳрат Қудратов ба озодӣ мебаромад».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.