Иштироки Кабирӣ дар раҳпаймоии Грозний ба хотири ҳимоят аз Паёмбари Ислом

Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагон бо даъвати мақомоти расмии Ҷумҳурии Чеченистони Русия ба ин ҷумҳурӣ сафар карда, имрӯз, 19-уми январ дар роҳпаймоӣ дар шаҳри Грозний алайҳи карикатураҳои танзомез ба унвони Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) ширкат хоҳад кард. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, дар назар аст, ки дар пойтахти […]

ASIA-Plus



Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагон бо даъвати мақомоти расмии Ҷумҳурии Чеченистони Русия ба ин ҷумҳурӣ сафар карда, имрӯз, 19-уми январ дар роҳпаймоӣ дар шаҳри Грозний алайҳи карикатураҳои танзомез ба унвони Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) ширкат хоҳад кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, дар назар аст, ки дар пойтахти Чеченистон, Грозний бо иштироки шахсиятҳои бонуфузи ҷаҳони Ислом роҳпаймоии садҳо ҳазор нафар алайҳи ифротгароиву экстрамизм ва дифоъ аз Паёмбари Ислом (с) баргузор хоҳад гашт.

Ёдрас мекунем, ки роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров ба

Комсомольская Правда

дар бораи баргузории ин раҳпаймоӣ хабар дода, зикр кардааст, ки бо «ҳамин васила мардуми Чеченистон муносибати худ ба рафтори иҳонатомези кормандони маҷалллаи Charlie Hebdo-ро изҳор карданианд».

Дар Instagram-и худ Рамзан Қодиров дар ин робита қайд кардааст, ки «тасмим гирифтем барои маҳкум кардани ин амалҳо раҳпаймоии мардумӣ доир кунем, ки тибқи маълумоти пешакӣ, дар он ширкати беш аз 500 ҳазор нафар дар назар аст». «Мо ба тамоми дину мазҳабҳо эҳтиром қоилем, вале ба касе иҷоза намедиҳем, ки Паёмбари моро таҳқир кунад», – иброз доштааст Қодиров.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.