Cуғд: Лату кӯби то марги як тарбиятгирандаи интернат

Директор ва кормандони хадамоти посбонии бозор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд як наврас, тарбиятгирандаи мактаб-интернатро барои дуздии маҳсулот ва 380 сомонӣ маблағи пулӣ то марг лату кӯб кардаанд. Корманди маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд Акбар Шарипов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки директори бозори ҶДММ «Назари Нек» Рустам Ҷӯраев […]

Мавлуда Рофиева



Директор ва кормандони хадамоти посбонии бозор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд як наврас, тарбиятгирандаи мактаб-интернатро барои дуздии маҳсулот ва 380 сомонӣ маблағи пулӣ то марг лату кӯб кардаанд.

Корманди маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд Акбар Шарипов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки директори бозори ҶДММ «Назари Нек» Рустам Ҷӯраев ва сардори хадамоти посбонии ин бозор Аҳлиддин Файзиев шабона дар қаламрави бозор ду наврас – толибилмони синфи 10-уми мактаб-интернати шаҳри Чкаловскро, ки дар он ноболиғони ятим ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат тарбият мегиранд, боздошт намудаанд. Онҳо маҳсулот ва 380 сомонӣ маблағи пулӣ аз хазинаро дуздидаанд.

«Тибқи фарзияи тафтишот, онҳо наврасонро лату кӯб намуда, дар натиҷа бар асари ҷароҳатҳо яке аз наврасони ятим ҳалок ва дигарӣ дар бемористон бистарӣ шудааст», – иброз дошт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 110, қ.3-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси фавти ҷабрдида гардида бошад) нисбати директори бозор, сардори хадамоти посбонӣ ва як посбон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.