Боз як маркази савдои ширкати «Файзи Расул» дар Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд боз як маркази савдо ва хизматрасонӣ кушода шуд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, бо назардошти талаботи сокинон ва меҳмонони маркази вилоят дар маҳаллаи «Навбаҳор»- шаҳри Хуҷанд маркази савдои ширкати «Файзи Расул» ба фаъолият оғоз намуд. Бахшида дар расми ифтитоҳи ин мағозаи нав раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд. […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Хуҷанд боз як маркази савдо ва хизматрасонӣ кушода шуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, бо назардошти талаботи сокинон ва меҳмонони маркази вилоят дар маҳаллаи «Навбаҳор»- шаҳри Хуҷанд маркази савдои ширкати «Файзи Расул» ба фаъолият оғоз намуд. Бахшида дар расми ифтитоҳи ин мағозаи нав раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.

Гуфта мешавад, маҳсулоти ширкати мазкур қайҳо маҳбубияти худро дар кишвар ва берун аз он пайдо намудааст, имрӯз номгӯи маҳсулот ва сифати онро бештару беҳтар мекунад. Ҳамрӯза ба хоҳишмандон зиёда аз 20 намуди маҳсулоти гӯштӣ, 6 намуди маҳсулоти ширӣ ва дигар намуди маводи хӯрока, саноатӣ пешкаш карда мешавад.

Масоҳати маркази савдо 160 метри мураббаъро дар бар гирифта,баробари ба фаъолият оғоз намудани мағоза боз 10 нафар сокинони маҳалли мазкур ҷойи кории доимӣ пайдо намуданд.Ҳамчунин бинобар он,ки ширкати маҳсулоти худро дар ин марказ ба фурӯш мегузорад, нархи он 20% нисбат ба дигар мағозаҳо арзон пешкаши харидорон карда мешавад.

Ҳамзамон аз ҷониби роҳбарияти ширкати номбурда ба раиси шаҳри Хуҷанд маълумот дода шуд,ки шурӯъ аз оғози сол Ширкати «Файзи Расул» коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти қаннодиро низ ба роҳ монда, шириниҳои гуногунро манзури мизоҷон менамояд. Ҳоло дар сехи қаннодии ширкат боз 10 нафар соҳиби кор ва маоши арзанда гаштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.