Захираи тиллову асъори БМТ 482 млн. $-ро ташкил дод

– Ҳаҷми умумии захираи байнулмилалии тиллову асъори Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба аввали соли равон  2 млрд. 550,9 млн. сомонӣ (ҳудуди 482 млн. $)-ро ташкил медиҳад, – иттилоъ дод зимни нишасти хабарии имрӯза дар Душанбе раиси БМТ Абдуҷаббор Ширинов. Ӯ қайд кард, ки соли гузашта ҳаҷми захираҳои тиллову асъори БМТ 12,5% афзуд. «Ба аввали соли […]

Пайрав Чоршанбиев



– Ҳаҷми умумии захираи байнулмилалии тиллову асъори Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба аввали соли равон  2 млрд. 550,9 млн. сомонӣ (ҳудуди 482 млн. $)-ро ташкил медиҳад, – иттилоъ дод зимни нишасти хабарии имрӯза дар Душанбе раиси БМТ Абдуҷаббор Ширинов.

Ӯ қайд кард, ки соли гузашта ҳаҷми захираҳои тиллову асъори БМТ 12,5% афзуд. «Ба аввали соли 2015 захираҳои софи тиллову асъори бонк тақрибан 1,6 млрд. сомониро ташкил медиҳанд», – иброз дошт раиси БМТ.

Ширинов зикр кард, ки соли гузашта Бонки миллӣ ҳудуди 1,5 ҳазор тонна тилло харидааст. «Айни замон ҳаҷми умумии захираи тилло каме бештар аз 11 тоннаро ташкил дода, мо тиллоро дар дохили кишвар ва бонкҳои аврупоӣ нигоҳ медорем», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки  захираи тиллову асъори Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои соли 2013 беш аз 1 млрд. 71,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буд.

Қобили зикр аст, ки захираҳои тиллову асъори Тоҷикистон таҳти назорати мақомоти давлатии танзимгари сиёсати пуливу қарзӣ қарор дошта, дар ҳама гуна вақт метавонад барои маблағгузорӣ ба касри тавозуни пардохтӣ, маблағгузорӣ ба бозорҳои асъор, ки ба қурби асъори миллӣ таъсиргузоранд, истифода гардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.