Оғози миссияи нозирони САҲА дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон

Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ДИДҲБ/САҲА) ба таври расмӣ Миссияи Нозирони Интихобот (МНИ)-ро барои интихоботи парлумонӣ, ки санаи 1-уми март дар Тоҷикистон баргузор мешавад, боз намуд. Сафарбарсозии миссияи нозирон дар асоси даъват аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифтааст. Бино ба иттилои Дафтари САҲА дар ҶТ, роҳбарии миссияи нозиронро […]

ASIA-Plus



Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ДИДҲБ/САҲА) ба таври расмӣ Миссияи Нозирони Интихобот (МНИ)-ро барои интихоботи парлумонӣ, ки санаи 1-уми март дар Тоҷикистон баргузор мешавад, боз намуд. Сафарбарсозии миссияи нозирон дар асоси даъват аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Бино ба иттилои Дафтари САҲА дар ҶТ, роҳбарии миссияи нозиронро ҷаноби Миклош Ҳарасти ба ӯҳда дошта, он аз 14 нафар ҳайати асосии коршиносон  дар шаҳри Душанбе иборат аст. Илова бар ин, шурӯъ аз 24-уми январи соли 2015 дар саросари манотиқи  кишвар 16 нафар нозирони дарозмуддат дар тимҳои дунафара сафарбар карда мешаванд. Иловатан, ДИДҲБ 150 нафар  нозирони кӯтоҳмуддатро барои назорати ҷараёни интихобот дар рӯзи интихобот дархост хоҳад кард.

Миссия ҷараёни интихоботро мутобиқи ӯҳдадориҳои САҲА, дигар ӯҳдадориҳо ва стандартҳои байналмилалӣ оид ба интихоботи демократӣ ва ҳамчунин мувофиқати онро бо қонунгузории миллӣ назорат хоҳад кард. Нозирон бақайдгирии номзадҳо ва овоздиҳандагон, маъракаҳои ташвиқотӣ, фаъолияти маъмурияти интихобот ва мақомоти дахлдори давлатӣ, қонунгузорӣ оиди интихобот ва амалигардонии он, муҳити воситаҳои ахбори омма ва ҳаллу фасли баҳсҳои марбут ба интихоботро аз наздик назорат  хоҳанд кард. Ҳамчун ҷузъи назорат, миссия инчунин пахши маъракаҳои интихоботиро тавассути расонаҳои хабарӣ мониторинг мекунад.

Дар ҷараёни назорат,  миссия бо намояндагони мақомотҳои давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо, намояндагони ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ВАО ва ҷомеаи байналмилалӣ мулоқотҳо доир хоҳад кард.

Дар рӯзи интихобот, нозирон кушодашавии участкаҳои интихоботӣ, рафти овоздиҳӣ, ҳисобкунии бюллетенҳо ва ҷамъбасти натиҷаҳоро  назорат менамоянд. Дар рӯзи интихобот, МНИ САҲА/ДИДҲБ фаъолияти худро бо ҳайати Ассамблеяи Парлумонии САҲА якҷоя ба роҳ хоҳад монд.  

Изҳороти хулосаҳои пешакӣ фардои рӯзи интихобот ба табъ мерасад. Гузориши ниҳоӣ оид ба назорати кулли ҷараёни интихобот тахминан ду моҳ пас аз анҷоми раванди интихобот нашр мешавад

Миссияи Нозирони Интихоботии ДИДҲБ/САҲА ва Дафтари САҲА дар Тоҷикистон таҳти мандатҳои дахлдори худ ҷудогона фаъолият хоҳанд кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.