Сомонӣ устувории нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонро интизор аст

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Абдуҷаббор Ширинов бар ин назар аст, ки калавиши қурби асъор дар бозори Тоҷикистон то замони ба эътидол омадани нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва мутаносибан устувор шудани вазъ дар иқтисоди Русия идома меёбад. «Пешгӯӣ мешавад, ки нархи нафт нимсолаи аввали соли равон ба эътидол меояд», – иброз дошт вай. Ба […]

Пайрав Чоршанбиев



Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Абдуҷаббор Ширинов бар ин назар аст, ки калавиши қурби асъор дар бозори Тоҷикистон то замони ба эътидол омадани нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва мутаносибан устувор шудани вазъ дар иқтисоди Русия идома меёбад. «Пешгӯӣ мешавад, ки нархи нафт нимсолаи аввали соли равон ба эътидол меояд», – иброз дошт вай.

Ба қавли Ширинов, соли гузашта қурби расмии арзи миллӣ нисбати доллари ИМА ба андозаи 11,2% поин рафта, дар бозори нақдии кишвар бошад, ин нишондиҳанда 10,7%-ро ташкил додааст.

Ӯ таъкид дошт, ки соли 2014 Бонки миллӣ баҳри нигаҳдории қурби арзи миллӣ 137 млн. доллари ИМА ва 984 млн. сомонӣ маблағ равона кард.

Раиси Бонки миллӣ фишори соли гузашта ба қурби асъорро дар навбати аввал ба «вазъи шадиди геополитикӣ дар минтақа ва суръати начандон кофии афзоиши иқтисоди шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон» нисбат дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.