Умаралӣ Қувватов аз маҳбаси Истамбул раҳо шуд

Роҳбари созмони мухолифи «Гурӯҳи 24» аз маҳбаси шаҳри Истамбул раҳо шуд. Ӯ аз моҳи декабри соли гузашта дар он қарор дошт. Қумринисо Ҷабборова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар ин бора хабар дода, изҳор доштааст, ки онҳо ӯро пешвоз гирифта, айни замон дар манзилаш қарор дорад. Ёдрас мекунем, ки рӯзи […]

ASIA-Plus



Роҳбари созмони мухолифи «Гурӯҳи 24» аз маҳбаси шаҳри Истамбул раҳо шуд. Ӯ аз моҳи декабри соли гузашта дар он қарор дошт.

Қумринисо Ҷабборова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар ин бора хабар дода, изҳор доштааст, ки онҳо ӯро пешвоз гирифта, айни замон дар манзилаш қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 19-уми декабри соли гузашта Умаралӣ Қувватов барои риоя накардани муқаррароти будубош  

боздошт шуд.

 Дар ин бора роҳбари Анҷумани «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» Надежда Атаева 

хабар дода буд

. Далели боздошти Қувватовро дар саҳифаи худ адвокати сиёсатмадори тоҷик 

Николай Николаев

 низ тасдиқ кард. Моҳи октябри соли гузашта созмони «Гурӯҳи 24» дар Тоҷикистон ифротгаро эътироф гардида, фаъолияташ манъ гардид.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон Умаралӣ Қувватовро дар содир намудани як қатор ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қаллобӣ, азхудкунии амволи шахсони дигар, аз ҷумла 6 млн. сомонӣ (беш аз 1,260 млн. $) гумонбар медонад.

Ҷамолиддин Муҳаммадзода, сардори Раёсати тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ чанде қабл

зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт

, ки нисбат ба Умаралӣ Қувватов, раҳбари “Гурӯҳи 24” парвандаи ҷиноятӣ бар асоси моддаҳои 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 247 (Қаллобӣ)-и КҶ ҶТ оғоз шудааст. «Ғоибона нисбат ба Қувватов чораи пешгирии нигоҳ доштан дар ҳабс татбиқ гардида, тавассути мақомоти мо таҳти пайгард қарор дода шудааст. Маводи ҷустуҷӯйи ӯ ба Интерпол (Пулиси байнулмилал) ирсол гардидаст. Вай дар Дубай боздошт шуд. Мо мавод пешниҳод кардем, вале ҳукумати ин кишвари арабӣ дархости моро барои истирдоди Қувватов қонеъ нагардонданд. Айни замон ҳуҷҷатҳо барои истирдоди ӯ ба Туркия фиристода шудаанд. Ҳоло таҳқиқ идома дорад, бисёр ҳолатҳои он сирри тафтишотӣ аст ва мо ифшо карда наметавонем», – иброз дошта буд ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Душанбе – Машҳад – Душанбе пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.