Гуфтушуниди муовинони ёвари котиби давлатии ИМА бо ҳукумати Тоҷикистон

Муовинони ёвари котиби давлатии ИМА, ки санаи 5-уми феврал ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд , бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон оид ба дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва ИМА як қатор гуфтушунид анҷом доданд. Санаи 6 феврал муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо муовини ёвари котиби давлатии ИМА оид ба масоили Осиёи Марказӣ Даниэл Розенблюм мулоқот карда, […]

Аваз Юлдошев



Муовинони ёвари котиби давлатии ИМА, ки санаи 5-уми феврал ба Тоҷикистон

ташриф оварда буданд

, бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон оид ба дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва ИМА як қатор гуфтушунид анҷом доданд.

Санаи 6 феврал муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо муовини ёвари котиби давлатии ИМА оид ба масоили Осиёи Марказӣ Даниэл Розенблюм мулоқот карда, зимни вохӯрӣ масъалаҳои дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, амалисозии лоиҳаҳои минтақавӣ бо иштироки ИМА, расидан ба сулҳу субот дар Афғонистон, рушди ҳамкории минтақавӣ дар бахши энергетика ва коммуникатсия баррасӣ шуданд.

Ҳамин рӯз вохӯрии муовини нахуствазири Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ бо муовини дигари ёвари котиби давлатии ИМА Стиве Фелдштейн доир гардида, дар мулоқот ба масъалаи сатҳи ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар соҳаҳои меҳнат, демократикунонии ҷомеа, дин, риояи ҳуқуқу озодиҳо, бахусус ҳуқуқу озодиҳои занон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Зимни мулоқот М.Ҷабборӣ зикр кард, ки дар робита ба баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқи онҳо ва ҳифзи ҳимояи кӯдакон, дар Тоҷикистон беш аз 15 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул карда шудааст.

Мансабдорони давлатии воломақоми ИМА ҳамчунин аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ боздид намуда, бо вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Аслов мулоқот карданд.

Тибқи маълумоти департаменти итттилооти ВКХ ҶТ, зимни вохӯрӣ масъалаҳои омодагӣ ба баргузории давраи навбатии Машваратҳои сиёсии солона миёни Тоҷикистон ва ИМА дар шаҳри Вашингтон, интихоботи дарпешистодаи парлумонӣ дар Тоҷикистон дар моҳи март ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт 2005-2015”, ки 9-11 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад гашт, баррасӣ гардиданд.

Инчунин ҷонибҳо дар атрофи раванди кунунии муносибатҳои дуҷониба, масоили минтақавӣ, таъмини сулҳу субот дар Афғонистон, масоили обу энергетика ва дигар масъалаҳои ҷолиби таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.

Пас аз мулоқот бо Вазири корҳои хориҷӣ намояндагони ИМА дар вохӯрии муштараки сатҳи баланд бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон ҷиҳати муҳокимаи масъалаҳои озодии дин ширкат варзиданд. Ҳайати Тоҷикистонро дар вохӯрӣ Муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ роҳбарӣ намуд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.