Имкони бурди Toyota Camry дар бозии «Истиқлол» – «Эрбил»

Дар бозии аввали дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар доираи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 бо «Эрбил»-и Ироқ дар Душанбе бозии лотерея гузаронида мешавад, ки ҷоизаи асосиаш автомобили тамғаи Toyota Camry мебошад. Бино ба иттилои торнамои расмии дастаи футболи «Истиқлол», пас аз анҷоми вохӯрӣ тибқи рақамҳои билетҳои воридшавӣ миёни мухлисон бозии лотерея гузаронида шуда, ғолиб соҳиби автомобили нав […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар бозии аввали дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар доираи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 бо «Эрбил»-и Ироқ дар Душанбе бозии лотерея гузаронида мешавад, ки ҷоизаи асосиаш автомобили тамғаи Toyota Camry мебошад.

Бино ба иттилои торнамои расмии дастаи футболи «Истиқлол», пас аз анҷоми вохӯрӣ тибқи рақамҳои билетҳои воридшавӣ миёни мухлисон бозии лотерея гузаронида шуда, ғолиб соҳиби автомобили нав бо рақамҳои «нуқрагӣ» (рақамҳои ҷолиб) мегардад.

Қобили зикр аст, ки нархи билети воридшавӣ ба варзишгоҳ ба бозии дастаҳои «Истиқлол ва «Эрбил» ба нишастгоҳи асосӣ (ғарбӣ) – 25 сомонӣ ва боқимонда нишастгоҳҳои қисмати шимоливу шарқӣ ва ҷанубии варзишгоҳ – 15 сомонӣ муқарра шуда, рӯзҳои наздик фурӯши билетҳо оғоз мегардад.

Ёдрас мекунем, ки бозии «Истиқлол» – «Эрбил» рӯзи чоршанбе, 25 феврал дар Варзишгоҳи марказии пойтахт доир мегардад. Оғози бозӣ соати 14-00.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.