Моҳи январ қарзи «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» боз қариб 3 млн. $ афзуд

Аз оғози соли равон ҳаҷми қарзи ширкати «Барқи тоҷик» назди ҶСК «НБО Сангтӯда-1» қариб боз 15 млн. сомонӣ (ҳудуди 2,8 млн. $) афзуд. Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҶСК «НБО Сангтӯда-1», айни замон қарзи ширкат назди нерӯгоҳ дар маҷмӯъ ба 454,1 млн. сомонӣ (беш аз 84 млн. $) расидааст. Қобили зикр аст, ки аввали соли […]

Пайрав Чоршанбиев



Аз оғози соли равон ҳаҷми қарзи ширкати «Барқи тоҷик» назди ҶСК «НБО Сангтӯда-1» қариб боз 15 млн. сомонӣ (ҳудуди 2,8 млн. $) афзуд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҶСК «НБО Сангтӯда-1», айни замон қарзи ширкат назди нерӯгоҳ дар маҷмӯъ ба 454,1 млн. сомонӣ (беш аз 84 млн. $) расидааст.

Қобили зикр аст, ки аввали соли равон маблағи қарзи ширкат назди нерӯгоҳ 439,5 млн. сомониро ташкил дода буд.

Раиси ширкати «Барқи тоҷик» Раҳматзода Рустам Мирзо зимни нишасти хабарии соли равон дар ин робита

изҳор намуда буд,

ки соли гузашта ширкат 82,3 млн. сомонӣ қарзи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1»-ро пардохт намуда, мувофиқа ҳосил шудааст, ки «Барқи тоҷик» ҳар моҳ ба ин нерӯгоҳ дар ҳаҷми 15 млн. сомонӣ маблағи қарзҳоро пардохт мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.