Ҳалокати 5 тоҷикистонӣ дар роҳи мошингарди Санкт-Петербург – Псков

Бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи мошингарди Санкт-Петербург – Пскови Русия нимаи рӯзи 8-уми феврал 5 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд. Котиби матбуотии намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳамаи ҳалокшудагон зодагони шаҳри Конибодоми вилояти Суғд – Яқубов Фарҳод Юсуфҷонович, соли таваллудаш 1982; Аҳмадова […]

Аваз Юлдошев



Бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи мошингарди Санкт-Петербург – Пскови Русия нимаи рӯзи 8-уми феврал 5 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.

Котиби матбуотии намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳамаи ҳалокшудагон зодагони шаҳри Конибодоми вилояти Суғд – Яқубов Фарҳод Юсуфҷонович, соли таваллудаш 1982; Аҳмадова Мунира, с/т 1966; Ҳоҷиева Шаҳло Маҳкамбоевна, с/т 1979; Қозиев Абдусаттор, с/т 1967 ва Усмонов Комилҷон, с/т 1965 мебошанд.

Бино ба гуфтаи манбаъ, автомашинаи сабукраве, ки дар дохилаш шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доштаанд, ба автомашинаи боркаши тамғаи «Волво» бархӯрдааст. Тибқи фарзияи пешакӣ, ронандаи автомашинаи сабукрав Фарҳод Яқубов сари чанбараки автомобил хобаш бурдааст.

Зимнан зикр гардид, ки айи замон сафорати Тоҷикистон дар Русия ва намояндагии Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати интиқоли ҷасадҳои ҳалокшудагон ба ватан тадбирҳои зурурӣ меандешанд.

Ҳамчунин Аҳмадов иттилоъ дод, ки рӯзи 6 феврал бар асари садамаи нақлиёт дар вилояти Калугаи Русия зодаи шаҳри Норак Расулова Шарофат Файзуллоевнаи 50-сола низ ба ҳалокат расида, ҳамсари ӯ Файзуллоев Сайфулло дар ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.