Таъсиси ҷузъи таъиноти махсуси лижаронҳо дар Вазорати мудофиа

Бо дарназардошти он, ки қисми низомии 02011-и ҚӯшунҳоизЗудамали Вазорати мудофиа дар баландкӯҳи яке аз минтақаҳои дурдасти кишвар қарор дорад, дар ҳайати он аз ҳисоби як взвод ҷузъи таиноти махсуси лижаронҳо ташкил гардидааст, ки мшғулиятҳои ҳамарӯзаи сарбозони ин ҷузъи таъиноти махсус дар барномаи таълимӣ роҳандозӣ шудааст. Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, талаботе, ки […]

ASIA-Plus



Бо дарназардошти он, ки қисми низомии 02011-и ҚӯшунҳоизЗудамали Вазорати мудофиа дар баландкӯҳи яке аз минтақаҳои дурдасти кишвар қарор дорад, дар ҳайати он аз ҳисоби як взвод ҷузъи таиноти махсуси лижаронҳо ташкил гардидааст, ки мшғулиятҳои ҳамарӯзаи сарбозони ин ҷузъи таъиноти махсус дар барномаи таълимӣ роҳандозӣ шудааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, талаботе, ки тибқи соатҳои дарсӣ ва дар доираи нақша тасдиқ гардидааст, дар сатҳи зарурӣ ва ба таври назариявию амалӣ ташкилу ба роҳ монда мешаванд.

Ба ҳар як дарс афсари масъул вобаста гардида, талаботи муқараргардида қатъӣ риоя карда мешавад. дар муддати кӯтоҳ ин сарбозон натанҳо истифода намудани он, балки бо аслиҳаи оташфишон мусаллаҳ ва борхалтаи саҳроӣ дар пушт, ки на кам аз 20 кг вазн дорад, алакай метавонанд, асбобҳои лижарониро дар кӯҳистони душворгузару ноҳамвор истифода намоянд. Ҳатто зимни доир кардани амалиёт тирпаронӣ кунанд. Барои буду боши ҳайати шахсӣ дар ин қисми низомӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Дар дохили хобгоҳи сарбозӣ ҳамомхона ва ташнобхонаи ҳайати шахсӣ бунёд карда шуда, новобаста аз сардии боду ҳавои ин минтақа, барои сарбозон дар ин ҷузъи ҳарбӣ тамоми воситаҳои гармидиҳӣ, ошхонаи кушоду барҳаво, майдончаҳои тактикиву оташфишонӣ ва дигар шароити рӯзмарраи хизматӣ муҳайё мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.