Р.Зойиров сокинони Суғдро ба ҷонибдории ҲСДТ даъват мекунад

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда бо сокинони шаҳрҳои Исфараву Конибодом, Истаравшану Чкаловск ва ноҳияи Спитамени вилояти Суғд 9 вохӯрӣ гузаронида, ба интихобкунандагон барномаи пешазинтихоботии ҲСДТ-ро шарҳу тавзеҳ дод. Раҳматилло Зойиров тариқи телефон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки интихобкунандагон ба масъалаҳои марбут ба ҳифзи иҷтимоӣ, таҳкими амният, […]

Аваз Юлдошев



Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда бо сокинони шаҳрҳои Исфараву Конибодом, Истаравшану Чкаловск ва ноҳияи Спитамени вилояти Суғд 9 вохӯрӣ гузаронида, ба интихобкунандагон барномаи пешазинтихоботии ҲСДТ-ро шарҳу тавзеҳ дод.

Раҳматилло Зойиров тариқи телефон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки интихобкунандагон ба масъалаҳои марбут ба ҳифзи иҷтимоӣ, таҳкими амният, муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ ва мубориза бо коррупсия бештар таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

«Зимни вохӯрӣ бо интихобкунандагони шаҳри Конибодом, ки аз ин ҳавза муовини ман дар ҳизб, доктори улуми ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов ба курсии вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ шудааст, ба интихобкунадагон моҳияти платформаи пешазинтихоботии ӯ ва нақшаҳои номзад ба вакилӣ шарҳ дода шуданд», – иброз дошт ӯ.

Ба таъкиди раиси ҲСДТ, дар ҳамаи вохӯриҳо ба интихобкунандагон маводи таблиғотии ҳизб тақсим карда шуд.

Зимнан зикр гардид, ки имрӯз, 16 феврал вохӯриҳои Раҳматилло Зойиров бо сокинони шаҳри Панҷакент дар назар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.