Намояндагони ВАО-и хориҷӣ дар интихоботро ВКХ ба қайд мегирад

Намояндагони васоити ахбори оммаи кишварҳои хориҷӣ, ки ҷараёни интихоботи парлумонии Тоҷикистонро инъикос карданианд, на дертар аз 23 феврал бояд дар Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ба қайд гирифта шаванд. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки намояндагони всоити ахбори оммаи маҳаллӣ бидуни ба қайд гузоштан, танҳо бо пешниҳоди шаҳодатномаи […]

Аваз Юлдошев



Намояндагони васоити ахбори оммаи кишварҳои хориҷӣ, ки ҷараёни интихоботи парлумонии Тоҷикистонро инъикос карданианд, на дертар аз 23 феврал бояд дар Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ба қайд гирифта шаванд.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки намояндагони всоити ахбори оммаи маҳаллӣ бидуни ба қайд гузоштан, танҳо бо пешниҳоди шаҳодатномаи журналистӣ метавонанд аз ҷараёни баргузории интихобот гузориш диҳанд.

«Дар маъракаи интихобот намояндагони ВАО-и хориҷӣ ва ватанӣ ба риояи ҳатмии Дастур оид ба иштироки намояндагони ВАО дар интихоботи Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо уҳдадоранд, ки моҳи майи соли гузашта аз ҷониби КМИР қабул шуд», – гуфт Додозода.

Ба гуфтаи ӯ, мутобиқи меъёрҳои дастури зикршуда, намояндагони ВАО бо ҳуқуқҳои ҷустуҷӯ, ҷамъоварӣ ва паҳнкунии маълумот дар бораи ҷараёни интихобот дар Тоҷикистон таъмин карда мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки дар рафти интихобот ВАО фаъолияти худро дар доираи Конститутсияи ҶТ, қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ, дигар санадҳои ҳуқуқии байнулмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда ва дастури дар боло зикршуда амалӣ месозанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.