Боздошти корманди ҳифзи ҳуқуқ ба гумони нашъаҷаллобӣ дар Исфара

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус дар ҳудуди шаҳри Исфара аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд як нафар сокини 36-солаи шаҳри Ғафуров, муваққатан бекор, дастгир гардид, ки дар даст сумкаи варзишӣ дошт. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дастгиршуда ба кормандони оперативӣ фаҳмонд,  ки дар сумка […]

ASIA-Plus



Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус дар ҳудуди шаҳри Исфара аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд як нафар сокини 36-солаи шаҳри Ғафуров, муваққатан бекор, дастгир гардид, ки дар даст сумкаи варзишӣ дошт.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дастгиршуда ба кормандони оперативӣ фаҳмонд,  ки дар сумка компютер дорад ва онро барои таъмир мебарад. Кормандони оперативӣ дар дохили компютер ба ҷои ноқилҳои барқӣ 8 адад бастаҳои скотпечро бо маводи бӯи махсус дошта ошкор намуданд.

Тавре мутахассисони Шуъбаи экспертизаи судии РВКД дар вилояти Суғд муайян намуданд, маводи мусодирашуда героин буда, вазни он 8 килограммро ташкил менамояд.

Дастгиршуда дар тафтишоти пешакӣ нишон дод, ки маводи мусодирашуда ба шиноси ӯ бо номи Фурқат тааллуқ дорад. Пас аз андешидани чораҳои оперативӣ корманди ҳифзи ҳуқуқи вилоят бо рутбаи “майор” дастгир гардид. Тавре муайян гардид, майор ният дошт героинро берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ интиқол диҳад. Барои амалӣ намудани ниятҳои нопоки худ ӯ ҷавонони муваққатан бекорро ҷалб намуд ва ҳатто ваъда дод, ки пас аз фурӯхтани маводи мухаддир бо онҳо ҳисобу китоб мекунад.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур аз тарафи Шуъбаи тафтишоти Раёсати Агентӣ парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 200 қ.4 КҶ ҶТ (“Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан дар ҳаҷми махсусан калон”) оғоз гардидааст.

Ҳоло тафтишот муайян намуда истодааст, ки чӣ гуна ва аз кӣ майор маводи мухаддирро харидорӣ намудааст.

Боздоштшудагон ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати Агентӣ ворид карда шуданд.

Бояд таъкид кард, ки аз аввали сол ин дуюмин ҳодисаи аз тарафи кормандони Агентӣ дастгир шудани кормандони ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ барои даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мебошад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.