Шиносоии раиси Хуҷанд бо шароити кори хадамоти «Ёрии таъҷилӣ»

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 17 феврал ба маркази хизматрасонии «Ёрии таъҷилии тиббӣ» омада, бо шароити кори ин хадамот аз наздик ошно ва бо духтурон ва кормандони ин марказ суҳбат орост. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, давоми чанд сол аст, ки маркази «Ёрии таъҷилии тиббӣ» дар ҳудуди беморхонаи шаҳрии № 2 […]

ASIA-Plus



Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 17 феврал ба маркази хизматрасонии «Ёрии таъҷилии тиббӣ» омада, бо шароити кори ин хадамот аз наздик ошно ва бо духтурон ва кормандони ин марказ суҳбат орост.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, давоми чанд сол аст, ки маркази «Ёрии таъҷилии тиббӣ» дар ҳудуди беморхонаи шаҳрии № 2 фаъолият дорад. Маркази асосии он дар беморхонаи номбурда ҷойгир буда, маркази иловагии он дар соҳили рост барои шаҳрвандони соҳили рости шаҳр хизмат мерасонад. Новобаста аз ин, бо назардошти зиёд гаштани теъдоди сокинони маркази вилоят зарурати васеъ намудани имконияти марказ ва таъсиси марказхои дигари  он дар дигар қисматҳои шаҳр ба миён омадааст.

Гуфта мешавад, нн нуктаҳо дар сӯҳбати раиси шаҳри Хуҷанд бо кормандону табибони ин муассисаи тиббӣ садо дод. Ҳамчунин аз ҷониби Раҷаббой Аҳмадзода пешниҳод гардид, ки дар ҳудуди беморхонаи номбурда дар оянда бояд як бино бо тамоми шароитҳо сохта шавад,ки он ба талаботу меъёрҳои Беморхонаи клиникавии «Ёрии таъҷилӣ» ҷавобгӯ бошад. Ҳамчунин Раиси шаҳри Хуҷанд бахшида ба пешвози Наврӯз таъмир намудани роҳрав, гулзор намудани майдонҳои беморхона, азнавсозии биноҳои фарсудашудаи беморхонаро дастур дод.

Қобили зикр аст, ки ҳоло барои сокинони шаҳри Хуҷанд 8 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ бо  зиёда аз 50 нафар духтурону ҳамшираҳои шафқат ва ҳайати ёрирасони тиббӣ хизмат мерасонанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.