Ҷангиёни «Давлати исломӣ» 45 нафарро дар Ироқ оташ заданд

Дар қисми ғарбии Ироқ ҷангиёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» боз 45-нафарро оташ заданд. Ҷангиён онҳоро дар ҳамкорӣ доштан бо низомиёни Ироқ гумонбар дониста, ба коми оташ додаанд. То ҳол шахсияти қурбониёни ин фоҷеа маълум карда нашудааст. Аз рӯйи баъзе фарзияҳо онҳо кормандони мақомоти қудратии Ироқ мебошанд. Бино ба иттилои сомонаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», ин ҳодисаи мудҳиш дар […]

ASIA-Plus


Дар қисми ғарбии Ироқ ҷангиёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» боз 45-нафарро оташ заданд. Ҷангиён онҳоро дар ҳамкорӣ доштан бо низомиёни Ироқ гумонбар дониста, ба коми оташ додаанд. То ҳол шахсияти қурбониёни ин фоҷеа маълум карда нашудааст. Аз рӯйи баъзе фарзияҳо онҳо кормандони мақомоти қудратии Ироқ мебошанд.

Бино ба иттилои сомонаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», ин ҳодисаи мудҳиш дар шаҳри Эл-Бағдодӣ рух додааст. Расонаҳои хабарӣ дар бораи ин ҳодиса то ҳол ҷузъиёти муфассалро дастрас накардаанд.

Зикр мегардад, ки шаҳри номбурдаро гурӯҳи «Давлати исломӣ» 12-уми феврал пурра зери тасарруфи худ гирифта буданд. Қаблан ҷангиёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» ба яке аз пойгоҳҳои низомии «Айн-Ал-Асад», воқеъ дар наздикии шаҳри Эл-Бағдоди ҳамла карда, ба муқовимати шадиди неруҳои қудратӣ дучор омадаанд. Ҳангоми бархӯрди мусаллаҳона 8 нафар ҷангиёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» ба ҳалокат расиданд.

Ёдрас мешавад, ки 15-уми феврали соли ҷорӣ гурӯҳи «ДИ», ки дар ҳудуди Либия фаъоланд наворҳои ба қатл расондани 21 нафар масеҳиёни қабилаи қипити Мисрро дар шабакаи интернет интишор карда буданд. Онҳоро ҷангиёни ифротӣ охирҳои моҳи сипаригардида, асир гирифта буданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.