Таъсиси Шӯрои рушди низоми бонкӣ дар Тоҷикистон

Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 18 феврал оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкии кишвар дар соли 2014 ва вазифаҳои ин сохтор дар соли равон машварати корӣ баргузор намуд. Тавре сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, дар машварат зикр гардид, ки сарфи назар аз таъсирҳои молӣ ва […]

Аваз Юлдошев



Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 18 феврал оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкии кишвар дар соли 2014 ва вазифаҳои ин сохтор дар соли равон машварати корӣ баргузор намуд.

Тавре сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, дар машварат зикр гардид, ки сарфи назар аз таъсирҳои молӣ ва иқтисодии беруна, кори низоми бонкии ҷумҳурӣ дар соли гузашта устувор буд

«Дар машварат пешниҳод шуд, ки  дар назди ҳукумати кишвар  Шӯро оид  ба  рушди  низоми  бонкӣ таъсис дода шуда, барои муқовимат бо омилҳои берунӣ низоми бонкӣ такмил дода шавад», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи сармушовир, иштирокдорони машварат масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ бо бонкҳои хориҷӣ, афзоиши ҷалб сармоя, қарздиҳии хурду миёна ва маблағгузорӣ ба бахшҳои истеҳсолиро баррасӣ намуданд.

«Нахуствазир ба сохтору шахсони масъул дастур дод, ки барои фаъолияти устувори низоми бонкӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, бо назардошти пешниҳодҳои дар машварат ироашуда, нақшаи чорабиниҳо таҳия намоянд», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.