Имкони бурди номзади ҲСДТ дар Конибодом зиёд шуд

Аз ҳавзаи якмандатии интихоботии №19 Конибодом се нафар баҳри ба даст овардани курсии вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон рақобатро идома медиҳанд. Тавре як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон иттилоъ дод, ду нафар номзади қаблан сабтшуда дар ин ҳавза – номзади Ҳизби аграрӣ Аҳмадҷон Неъматов ва намояндаи ҲХДТ Баҳобир Саидов, ки тариқи худпешбарӣ номнавис шуда буданд, аз […]



Аз ҳавзаи якмандатии интихоботии №19 Конибодом се нафар баҳри ба даст овардани курсии вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон рақобатро идома медиҳанд.

Тавре як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон иттилоъ дод, ду нафар номзади қаблан сабтшуда дар ин ҳавза – номзади Ҳизби аграрӣ Аҳмадҷон Неъматов ва намояндаи ҲХДТ Баҳобир Саидов, ки тариқи худпешбарӣ номнавис шуда буданд, аз рақобат даст кашида, номзадии худро бозпас гирифтанд.

«Акнун барои ба даст овардани эътимоди мардум аз ин ҳавза намояндаи аз ҷониби ҲХДТ пешбаришуда, полковники милиса Равшан Раҷабов, муовини раиси ҲСДТ, доктори улуми ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов ва узви ҲХДТ, ҳунарманди театр Дилбар Сулаймонова, ки тариқи худпешбарӣ сабт шудаанд, рақобатро идома хоҳанд дод», – афзуд манбаъ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.