Вазорати маориф: ВКД рейдҳояш ба мактабҳоро бояд бо мо мувофиқа созад

Падару модарони толибилмони синфҳои болоии литсейи технологияҳои инноватсионии назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба идораи «Азия-Плюс» муроҷиат намуда, шикоят карданд, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати санҷиши мавҷуд будани телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ) дар хонандагон ба литсей омадаанд. Галина Зоҳирова, модари яке аз толибилмон дар ин робита изҳор намуд, ки онҳо асосан хонандагони синфҳои болоиро санҷида, сумкаҳои […]

Меҳрангез Турсунзода



Падару модарони толибилмони синфҳои болоии литсейи технологияҳои инноватсионии назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба идораи «Азия-Плюс» муроҷиат намуда, шикоят карданд, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати санҷиши мавҷуд будани телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ) дар хонандагон ба литсей омадаанд.

Галина Зоҳирова, модари яке аз толибилмон дар ин робита изҳор намуд, ки онҳо асосан хонандагони синфҳои болоиро санҷида, сумкаҳои онҳоро кофтуков кардаанд ва аз касоне, ки телефон дарёфт кардаанд, онҳоро ба Вазорати корҳои дохилӣ бурда, то 300 сомонӣ ҷаримабандӣ кардаанд. «Дар ҳамин ҳол, танҳо телефонҳои гаронарзиш гирифта шудаанд», – иброз дошт ӯ.

Дар Вазорати корҳои дохилӣ маълумот дар бораи рейди кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба мактабҳои пойтахтро рад карданд.

Сардори Раёсати маорифи пойтахт Ҳамидуллохон Фақеров ин маълумотро тасдиқ намуда, қайд кард, ки ин масъала миёни раҳбарияти Вазорати маориф ва Вазорати корҳои дохилӣ баррасӣ шудааст. «Ин рейд бидуни мувофиқа бо Вазорати маориф ё Раёсати маориф гузаронида шудааст», – гуфт ӯ.

Фақеров зикр кард, ки ба раҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ тавсия дода шуд, ки минбаъд қабл аз баргузории рейд онро мебояд бо мақомоти ваколатдор мувофиқа кард.

«Бо сарулибоси хидматӣ (низомӣ) ба мактабҳо ворид шудан лозим нест, зеро он макони ҷинояткорон нест. Халал расонидан ба баргузории дарс ва кофтукови сумкаҳои толибилмон низ ҷойиз нест. Ғайр аз ин, кӯдак метавонад ба ҳарос афтад, мо бояд ҳолати равонии кӯдакро ҳам ба инобат бигирем. Хушбахтона, ин ҳодисаи нахуст ва ягона аст», – изҳор дошт сардори Раёсат.

Зимнан зикр гардид, ки дар робита ба ин масъала чорабиниҳои пешгирӣ гузаронида шуда, дар сурати дарёфти телефонҳои ҳамроҳ дар хонандагон ҳангоми машғулият, падару модарони онҳо мутобиқи қонун ҷаримабандӣ хоҳанд шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.