ҲСДТ ба маҷлисҳои маҳаллӣ номзад пешбарӣ накард

Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) ба интихоботи санаи 1-уми март таъиншуда ба Маҷлисҳои вакилони халқи вилоят, шаҳру ноҳия ва маҷлисҳои ҷамоат ягон номзад пешбарӣ накард. Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сабаби аз ширкат дар интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ даст кашидани ҳизб дар он аст, ки интихобот комилан зери назорати ҳукуматдорони […]

Аваз Юлдошев



Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) ба интихоботи санаи 1-уми март таъиншуда ба Маҷлисҳои вакилони халқи вилоят, шаҳру ноҳия ва маҷлисҳои ҷамоат ягон номзад пешбарӣ накард.

Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сабаби аз ширкат дар интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ даст кашидани ҳизб дар он аст, ки интихобот комилан зери назорати ҳукуматдорони маҳаллӣ ҷараён дошта, чунин таҷриба аллакай тӯли солҳои зиёд мавриди амал қарор дорад.

«Дар интихоботи моҳи феврали соли 2010 ҲСДТ талош варзид, ки ба ҳайати маҷлисҳои вакилони халқи баъзе шаҳру ноҳияҳо намояндаи худро шомил созад, вале таҷриба нишон дод, ки он ҷо амалҳои ҳукуматдорони маҳаллӣ умуман назорат намешавад ва дар интихоботи соли 2015 мо тасмим гирифтем, ки асабҳоямонро эҳтиёт намуда, вақтро ҳам беҳуда сарф накунем», – гуфт раиси ҲСДТ.

Дар идома ӯ қайд кард, ки комиссияҳои интихоботии чанде аз шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла шаҳри Душанбе ҷиҳати пешбарӣ намудани номзадҳои худ ба маҷлисҳои маҳаллӣ ба ҲСДТ муроҷиат кардаанд.

«Мо ба онҳо изҳор доштем, ки то замони ба ҳайати комиссияҳои интихоботии қитъавӣ роҳ дода нашудани узвияти намояндагони аҳзоби сиёсӣ, ҲСДТ аз иштирок дар интихобот ба маҷлисҳои маҳаллӣ даст мекашад», – афзуд Р.Зойиров.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.