Роҳбари дастгоҳи иҷроияи президент номзад ба аъзогии Маҷлиси миллӣ пешбарӣ шуд

Вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзодаро бори навбатӣ номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки санаи 27 март доир мегардад, пешбарӣ намуданд. Бахтиёр Худоёрзода ба ҳайати даъвати гузаштаи палатаи болоии парлумон низ шомил буд. Аз КМИР Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, […]

Аваз Юлдошев



Вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзодаро бори навбатӣ номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки санаи 27 март доир мегардад, пешбарӣ намуданд. Бахтиёр Худоёрзода ба ҳайати даъвати гузаштаи палатаи болоии парлумон низ шомил буд.

Аз КМИР Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе омӯзгори маҳаллӣ Наргис Раҳмоноваро номзад ба аъзогии палатаи болоии парлумон пешбарӣ кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, Нуралӣ Шоев, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ аз Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ ва Маҳмадюсуф Имомов, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешбарӣ шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз Маҷлиси вакилони халқи пойтахт номзад ба аъзогии палатаи болоии парлумон пешбарӣ шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.