Зуҳуров: Вазирон даъватҳо ба ҷаласаи парлумонро нодида мегиранд

Date:



Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров аз ҳозир нашудани шахсони аввали вазорату идораҳо ба ҷаласаҳои парлумон нигаронӣ изҳор намуд.

Зимни ифтитоҳи ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон Ш.Зуҳуров қайд кард, ки шахсони аввали вазорату идораҳои ҷумҳурӣ уҳдадоранд, ки дар ҷараёни баррасии масъалаҳои марбут ба сохтори зертобеъи онҳо иштирок кунанд.

«Танҳо бо сабабҳои узрнок онҳо метавонанд дар ин баррасиҳо иштирок надошта бошанд ва сабаби узрнок танҳо машғул будан ба иҷрои супориши сарвари давлат буда метавонад. Дигар сабаҳои узрнок барои мо вуҷуд надорад», – иброз дошт ӯ.

Ш.Зуҳуров қайд кард, ки дар ҷаласаи имрӯза иштироки вазири корҳои дохилӣ, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва вазири молия зарур буд. «Роҳбарони ВКД ва КДАМ субҳ ба ман занг зада, маъзарат хостанд, ки бо сабабҳои узрнок дар ҷаласа иштирок карда наметавонанд ва онҳоро муовинонашон иваз мекунанд, вале вазири молия умуман занг ҳам назад», – шикоят кард Зуҳуров.

Раиси Маҷлиси намояндагон ба шахсони масъули парлумон дастур дод, ки ин масъаларо ҷиддӣ зери назорат гиранд. «Агар минбаъд шахсони аввали вазорату идораҳо дар ҷаласаҳои парлумон иштирок накунанд, масъалаҳои марбут ба сохтори зертобеъи онҳо аз рӯзномаи ҷаласа хориҷ карда мешавад», – таъкид дошт ӯ.

Дар ҷаласаи имрӯзаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ баррасии тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2015», Созишнома дар бораи ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар бахши таъмини амнияти иттилоотӣ ва тасдиқи созишномаи байниҳукуматӣ миёни Тоҷикисттону Эрон дар бораи ҳамкорӣ дар бахши тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими амният дар назар аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...