Голҳои Наполеон ба «Хайр» пирӯзӣ овард

Дар давраи аввали мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат се бозӣ ба фоидаи соҳибони майдон ва як вохӯрӣ мусовӣ анҷом ёфт. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар вохӯрии «Хайр» (Ваҳдат) бо КМВА «Помир» (Душанбе) бозигари аз кишвари Гана кирошуда (легионер)-и соҳибони майдон Наполеон Андоха ду тӯбро вориди дарвозаи меҳмонон намуда, ғалабаи дастаашро таъин кард. Ба […]

ASIA-Plus



Дар давраи аввали мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат се бозӣ ба фоидаи соҳибони майдон ва як вохӯрӣ мусовӣ анҷом ёфт.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар вохӯрии «Хайр» (Ваҳдат) бо КМВА «Помир» (Душанбе) бозигари аз кишвари Гана кирошуда (легионер)-и соҳибони майдон Наполеон Андоха ду тӯбро вориди дарвозаи меҳмонон намуда, ғалабаи дастаашро таъин кард.

Ба иттилои манбаъ, дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро қабул намуда, бо ҳисоби 1 бар 0 дастболо шуд. Вохӯрии дастаҳои «Регар ТадАЗ» (ш.Турсунзода) ва «Равшан» (Кӯлоб) мусовӣ – 2 бар 2 анҷом ёфт. Қаблан дар бозии нахусти мавсими имсола тими «Истиқлол» (Душанбе) бо ҳисоби 2 бар 0 дастаи «Хуҷанд» (Хуҷанд)-ро шикаст дода буд.


Лигаи олии футболи Тоҷикистон. Даври 1-ум

«ИСТИҚЛОЛ» – «ХУҶАНД» – 2:0

Голҳо: Нуриддин Давронов, 69 (1:0), Соҳиб Ҳакимов, 90+1 – ба дарвозаи худ (2:0).

«ВАХШ» – «ПАРВОЗ» – 1:0

Гол: Муҳаммадҷони Ҳасан, 50.

«ХАЙР» – КМВА «ПОМИР» – 2:0

Голҳо: Наполеон Андох, 71 (1:0). Наполеон Андох, 75 (2:0).

«РЕГАР-ТАДАЗ» – «РАВШАН» – 2:2

Голҳо: Ҳусейни Сухробӣ, 7 (0:1). Комрон Турсунов, 31 (1:1). Нозим Бобоҷонов, 41 (2:1). Сайдамири Сайдахтам, 49 (2:2).

Аз бозӣ хориҷ шуд: Музаффар Сироҷиддинов («Регар-ТадАЗ»), 89.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.