Иштироки хизматчиёни ҳарбии Русия дар гузашти низомии Душанбе

Дар гузашти низомӣ ба муносибати ҷашни 70-умин солгарди Ғалабаи мардуми шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки санаи 9 май дар Боғи Ғалабаи пойтахт баргузор мешавад, хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон низ иштирок мекунанд. Аз Вазорати мудофиаи ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар гузашти низомии пойтахти Тоҷикистон дар маҷмӯъ […]

Аваз Юлдошев



Дар гузашти низомӣ ба муносибати ҷашни 70-умин солгарди Ғалабаи мардуми шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки санаи 9 май дар Боғи Ғалабаи пойтахт баргузор мешавад, хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон низ иштирок мекунанд.

Аз Вазорати мудофиаи ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар гузашти низомии пойтахти Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз 2 ҳазор нафар низомиён ширкат хоҳанд варзид. Гузашти низомӣ таҳти фармондехии муовини сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллахи Тоҷикистон генерал-майор Бахтиёр Рузминшоев доир гардида, онро вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо қабул хоҳад кард.

Зимнан зикр гардид, ки дар маросими гузашти низомӣ раҳбарияти кишвар, роҳбарони сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанаӣ, волидони сарбозону афсарон иштирок хоҳанд кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон то охири ҳафта борону селҳо пешбинӣ шудааст

Фардо пойтахтро борон фаро гирифта, давоми ду рӯз идома меёбад

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.