Машқҳои муштараки мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистону Чин

Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳайати Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии сардори Департаменти бехатарии ҷамъиятии  Вазорати мазкур Лю Шаоу дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, зимни мулоқот зикр гардид, ки ҳамкориҳои байни Вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя дар сатҳи баланд […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳайати Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии сардори Департаменти бехатарии ҷамъиятии  Вазорати мазкур Лю Шаоу дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, зимни мулоқот зикр гардид, ки ҳамкориҳои байни Вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя дар сатҳи баланд қарор дошта, дар асоси Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии и Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин, ки 27 майи соли 2002 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, амалӣ карда мешаванд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили  терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо доир ба гузаронидани машқҳои якҷояи тактикии зиддитеррористӣ дар шароити кӯҳсор ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки баргузории чунин машқҳои якҷояи тактикӣ боз як қадами муҳим барои дар ҳамбастагию ҳамкорӣ мубориза бурдан бо ҷинояткорӣ ва зуҳуроти номатлуб аст.

Дар хотимаи вохӯрӣ бори дигар таъкид гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад, танҳо дастаҷамъона ва дар якҷоягӣ бо хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир мубориза барад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.