Манъи фаъолияти саррофони хусусӣ ба болоравии беҳади қурби доллар боис шуд

Қурби доллари ИМА дар пойтахти Тоҷикистон пас аз боздошти фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор (саррофӣ)-и шахсони воқеъӣ беш аз 1% боло рафт. Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), қурби миёнаи хариду фурӯши нақди доллари ИМА дар Душанбе рӯзи 21 апрел ба 6,400-6,4200 (барои 1 $) расид (17 апрел – 6,3300-6,3500). Ёдрас мекунем, ки бо қарори […]

Пайрав Чоршанбиев



Қурби доллари ИМА дар пойтахти Тоҷикистон пас аз боздошти фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор (саррофӣ)-и шахсони воқеъӣ беш аз 1% боло рафт.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), қурби миёнаи хариду фурӯши нақди доллари ИМА дар Душанбе рӯзи 21 апрел ба 6,400-6,4200 (барои 1 $) расид (17 апрел – 6,3300-6,3500).

Ёдрас мекунем, ки бо қарори БМТ, аз 17 апрели соли равон фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ (хусусӣ) дар Тоҷикистон

боздошта шуд.

Бо дастури БМТ аз 16 апрели соли равон, бо мақсади таъмини устувории бозори дохилии асъор, суботи қурби сомонӣ ва ҳифзи манфиатҳои муштариёни ташкилотҳои қарзӣ аз 17 апрели соли ҷорӣ сар карда, фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ боздошта мешавад.

Тибқи дастури мазкур ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ уҳдадор карда мешаванд, ки ҳар як амалиёти фурӯши доллари ИМА-и нақдро ба мизоҷон ва ё ба шаҳрвандон бо таври махсус бо дарҷи тамоми мушаххасоти шахсияти онҳо анҷом дода, ба расмият дароранд.

Бино ба маълумоти БМТ, ба санаи 1 апрели соли равон дар қаламрави Тоҷикистон 1 ҳазору 581 адад нуқтаҳои мубодилаи асъор фаъолият доштанд, ки 818 адади он ба шахсони воқеӣ (хусусӣ) ва 763 адади он ба ташкилотҳои гуногуни қарзӣ тааллуқ доштанд.

Дар ҳамин ҳол, собиқ моликони дӯконҳои саррофии хусусӣ ба аз ҷониби БМТ устувор гардонидани қурби асъор тариқи боздошти фаъолияти онҳо сахт шубҳа доранд.

Яке аз моликони ин нуқтаҳо бидуни ифшои ному насаб ба «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала изҳор намуд, ки «аз чунин тадбирҳои қотеъона натиҷаи хубе ҳосил нахоҳад шуд». «Бар ин назарам, ки қарори мазкури БМТ вазъро дар бозори асъор мушкилтар месозад. Аз нисф зиёди нуқтаҳои мубодилаи асъор ба шахсони воқеъӣ тааллуқ доштанд ва бо бастани онҳо, ҳаҷми асъори қонунии дар муомилот қарордошта эҳтимол ду маротиба камтар шавад. Ба истилоҳи дигар, пешниҳоди асъор ба таври назаррас коҳиш ёфта, баръакс талабот ба он меафзояд, ки табиист, ба болоравии қурби асъори хориҷӣ боис мегардад. Дар ҳама гуна ҳолат, вақт ҳамаашро нишон медиҳад», – мегӯяд ӯ.

Саррофи дигар низ, ки нахост ному насабаш ифшо гардад, дар ин робита қайд кард, ки моликони саррофиҳои хусусӣ «захираҳои зиёди асъор» доранд ва хоҳ нохоҳ онҳоро бе кор намегузоранд. «Бархе ба сохтори бонкҳои тиҷоратӣ ворид шуда, ба фаъолияташон идома медиҳад, баъзе нафарон воситаҳои худро ба ягон тиҷорат маблағгузорӣ карда, дигарон ба эҳтимоли зиёд бо кори пешинаи худ машғул хоҳанд шуд, вале акнун дар «бозори сиёҳ». Ба назари ман, аз амалҳои ахири БМТ қурби доллар танҳо боло хоҳад рафт ва аз ин амалҳо чизи хуберо интизор наметавон шуд», – иброз дошт номбурда.

Қобили зикр аст, ки аз оғози сол дар шаҳри Душанбе қурби арзи миллии тоҷикӣ нисбати доллари ИМА қариб ба андозаи 17% поин рафт. Қурби миёнаи долари ИМА санаи 1 январи соли ҷорӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт 5,4500-5,4700 сомониро ташкил медоданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.