Зимни вохӯрии роҳбарони мақомоти зидди маводи нашъаовари кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Маскав директори Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти ҶТ Рустам Назарзода изҳор намуд, ки дар музофоатҳои минтақаи шимоли Афғонистон бархе аз дастаҳои ҳаракати «Толибон» ба сафи ҷангиёни созмони террористии «Давлати исломӣ» пайвастаанд.
«Дар музофоатҳои Балх, Қундуз, Тахор ва Бадахшони ҳаммарз бо Тоҷикистон фаъол шудани талошҳои ҳаракати «Толибон» ва дигар нерӯҳои зиддиҳукуматӣ ба мушоҳида мерасад ва гузашта аз ин, дар робита ба вуруди ҷангиёни созмони «Давлати исломӣ» ба ин музофотҳои Афғонистон, гурӯҳҳои ҷудогонаи ҳаракати «Толибон» ба онҳо ҳамроҳ шудаанд», – иттилоъ медиҳад
«Интерфакс»
бо такя ба гуфтаҳои директори АНМН.
Рустам Назарзода ҳамчунин зикр кардааст, ки «сарфи назар аз изҳороти намояндагони ҳукумати Афғонистон оид ба қодир будан ба муқовимат бо гурӯҳҳои ифротгаро, мутаассифона, вазъ дар ин кишвар, аз ҷумла музофотҳои шимолии он, ки бо Тоҷикистон ҳаммарзанд, хеле мушкил боқӣ мемонад».





