Бонки миллиро Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба роҳбарӣ гирифт

Собиқ роҳбари БДА ҶТ «Амонатбонк» Ҷамшед Нурмаҳмадзода раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) таъин карда шуд. То ин замон роҳбарии БМТ-ро Абдуҷаббор Ширинов ба уҳда дошт, ки аз 24 январи соли 2014 ба ин мансаб таъин гардида, имрӯз аз ин вазифа сабукдӯш шуд. Аз Бонки миллии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки тағийроти […]

Меҳрангез Турсунзода



Собиқ роҳбари БДА ҶТ «Амонатбонк» Ҷамшед Нурмаҳмадзода раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) таъин карда шуд.

То ин замон роҳбарии БМТ-ро Абдуҷаббор Ширинов ба уҳда дошт, ки аз 24 январи соли 2014 ба ин мансаб таъин гардида, имрӯз аз ин вазифа сабукдӯш шуд.

Аз Бонки миллии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки тағийроти кадрӣ мувофиқи фармони президенти мамлакат сурат гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳамаи муовинони раиси Бонки миллӣ аз вазифаҳояшон озод карда шудаанд. Акнун собиқ муовини аввали вазири молияи ҶТ Ҷамолиддин Нуралиев муовини аввали раиси БМТ таъин шудааст. Дар бораи дигар кадом шахсон ба вазифаҳои муовинони дигари раиси БМТ таъин шудан «Азия-Плюс» алҳол маълумот дарёфт накард.


Тарҷумаи ҳоли Ҷамшед Нурмаҳмадзода:

Ҷамшед Нурмаҳмадзода 14 декабри соли 1960 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

1983-1988 — Назоратчӣ-тафтишотчии Вазорати молия дар вилояти Қӯрғонтеппа;

1988-1990 — Назоратчӣ-тафтишотчии Вазорати молияи ҶТ дар ноҳияи Коммунист (Бохтар)-и вилояти Қӯрғонтеппа;

1990-1993 — Сарназоратчӣ-тафтишотчии Вазорати молияи ҶТ дар вилояти Қӯрғонтеппа;

1993-1994 — Муовини аввали сардори идораи молияи вилояти Хатлон;

1994-2001 — Сардори Раёсати назорати тафтишотии Вазорати молияи ҶТ дар вилояти Хатлон;

2001-2006 — Сардори Раёсати назорати давлатии молиявии Кумитаи назорати давлатии молиявии ҶТ дар вилояти Хатлон;

2006-2012 — Муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2012-2013 — Муовини раиси вилояти Суғд;

Аз 3 ноябри соли 2013 — Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк».

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани соҳибкори Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.