Боздиди вакилони парлумони кишварҳои узви СААД аз марзи Тоҷикистону Афғонистон

Машварати навбатии сайёри раисони Кумитаҳо (комиссияҳо) оид ба мудофиа ва амнияти парлумонҳои кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар назди Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СААД рӯзҳои 26-27 май дар Душанбе баргузор мешавад. Раиси Кумитаи оид ба мудофиа ва амнияти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Ҷӯрахон Маҷидзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки машварат дар […]

Аваз Юлдошев



Машварати навбатии сайёри раисони Кумитаҳо (комиссияҳо) оид ба мудофиа ва амнияти парлумонҳои кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар назди Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СААД рӯзҳои 26-27 май дар Душанбе баргузор мешавад.

Раиси Кумитаи оид ба мудофиа ва амнияти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Ҷӯрахон Маҷидзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки машварат дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати роҳбари Комиссияи доимии Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус оид ба амнияти миллӣ Валерий Гайдукевич доир мегардад.

Ба гуфтаи Маҷидзода, вакилони парлумони кишварҳои узви СААД дар қатори баррасии лоиҳаҳои қонунҳои модулӣ, ҳамчунин аз марзи Тоҷикистону Афғонистон низ боздид намуда, бо шароити будубошу хизмати марзбонони тоҷик аз наздик ошно мешаванд.

«Ғайр аз ин, намояндагони парлумонҳои Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон боз ба Агентии зидди маводи мухаддири Тоҷикистон ва пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон низ ташриф меоранд», – афзуд Маҷидзода.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.