Ҳунарманди тоҷик ба дарёфти ҷоизаи байнулмилалии кинои «Фаҷр» шарафёб гардид

Барои беҳтарин нақши мард дар филми тоҷикии «Муаллим» Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Марат Орифов ба дарёфти ҷоизаи Ҷашнвораи 33-юми байнулмилалии кинои «Фаҷр» (25апрел – 2 май, Теҳрон) шарафёб гардид. Аз киностудияи «Тоҷикфилм» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ба Ҷашнвораи 33-юми байнулмилалии кинои «Фаҷр» дар Эрон аз ҷониби Тоҷикистон филми «Муаллим»-и коргардони шинохтаи тоҷик […]

Мавзуна Абдуллоева



Барои беҳтарин нақши мард дар филми тоҷикии «Муаллим» Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Марат Орифов ба дарёфти ҷоизаи Ҷашнвораи 33-юми байнулмилалии кинои «Фаҷр» (25апрел – 2 май, Теҳрон) шарафёб гардид.

Аз киностудияи «Тоҷикфилм» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ба Ҷашнвораи 33-юми байнулмилалии кинои «Фаҷр» дар Эрон аз ҷониби Тоҷикистон филми «Муаллим»-и коргардони шинохтаи тоҷик Носир Саидов пешниҳод гардид. Дар ин филм дар баробари Марат Орифов, нақшҳои асосиро ҳамчунин ҳунармандзани эронӣ Маҳнози Афшор ва ҳунарманди тоҷик Абдукарим Машрабов низ ба иҷро расонидаанд.

Филми «Муаллим» соли 2014 дар Тоҷикистон наворбардорӣ шуд. Рӯйдолдҳои он дар як гӯшаи дурдасти Тоҷикистон ба вуқӯъ мепайванданд. Саргузашти дар филм пешниҳодшуда тақдири ба ҳам гусастаи одамон дар нахустин солҳоин душвори 90-уми қарни гузашта аст, ки пур аз фоҷиаву дардҳост. Нахустнамоиши филми «Муаллим» 15 сентябри соли 2014 дар кохи кинои «Ҷомӣ»-и шаҳри Душанбе доир гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.