Президент ба тағйироти кадрӣ идома дод

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як зумра тағйироти дигари кадрӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон, Шӯрои адлия, мақомоти судӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти гумрук, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва дигар сохторҳо ба миён овард. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, […]

ASIA-Plus



Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як зумра тағйироти дигари кадрӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон, Шӯрои адлия, мақомоти судӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти гумрук, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва дигар сохторҳо ба миён овард.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, Нурмаҳмадзода Ҷамшед раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва Ҷамолиддин Нуралиев муовини якуми ӯ таъин шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ғайр аз ин чунин шахсон ба вазифаҳои зерин таъин гардиданд:

– Ҳакимзода Руҳулло Абдуғанӣ  – Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»;

– Раҳим Санъат Асо – сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумиҳурии Тоҷикистон;

– Қурбонов Ибодулло Каримович – директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Олимов Миралӣ Назриевич – муовини якуми директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Вализода Икромиддин Сироҷиддин – муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Шоев Рустам Мирзохоҷаевич – муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Кенҷаев Муҳамадҷон Масеҳҷонович – муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Маҳмадов Ҷамшед Бобохонович – муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Каримзода Хуршед Абдураҳмон – муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Сайдализода Суҳроб Қурбон – муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Каримов Тоир Авғонович – сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Мирзоев Зоҳир Тоҳирович – роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия;

– Муҳиддинов Нуриддин Давлаталиевич – ректори муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон;

– Ашурова Шаҳло Сайфуллоевна – директории муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Ғоибов Алиҷон Ҷураевич – президенти муассисаи давлатии Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Садирзода Нусратулло Абдулло – раиси суди шаҳри Душанбе;

– Қурбониён Алишо Нарзулло – муовини якуми раиси суди шаҳри Душанбе;

– Саидзода Гулбону Исуф – муовини раиси суди шаҳри Душанбе;

– Абдураҳимов Асомудин Бобохонович – муовини раиси суди шаҳри Душанбе;

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Ҷамол Шариф аз вазифаи муовини якуми раиси Шӯрои адлия ва бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамидова Қаноат Иброҳимовна аз вазифаи директори Маркази таълими судяҳо дар назди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарду бинобар сабаби расидан ба синни нафақа озод карда шуданд.

Ғайр аз ин, 11 нафар аз вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомоти судии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо сабаби расидан ба синни нафақа ва як нафар бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз мақомҳои қаблӣ озод карда шуданд.

Ба ҷойи кадрҳои ба нафақа рухсатёфта мутахассисони ҷавону ояндадор ба ин вазифаҳо таъйин гардиданд.

Тавре аён аст, роҳбарияти Суди шаҳри Душанбе пурра иваз карда шуд.

Зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншуда, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати содиқонаю софдилона ба халқу Ватан ҳидоят намуд.

Ба масоили вобаста ба соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Таъкид карда шуд, ки барои ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла муҳоҷирони корӣ дар хориҷи кишвар аз тамоми имкониятҳо бояд босамар истифода карда шавад.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.