Густариши ҳамкориҳои мақомоти гумруки Тоҷикистону Афғонистон

Мақомоти гумруки Тоҷикистон Афғонистон оид ба таҳкими ҳамкориҳои минбаъда ба мувофиқа расиданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ахири ҳафтаи сипаришуда дар Душанбе вохӯрии сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Ғоиб бо сардори департаменти гумруки Вазорати молияи Афғонистон Наҷибулло Вардак баргузор шудааст. Гуфта мешавад, зимни мулоқоти судманд ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо дар […]

ASIA-Plus



Мақомоти гумруки Тоҷикистон Афғонистон оид ба таҳкими ҳамкориҳои минбаъда ба мувофиқа расиданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ахири ҳафтаи сипаришуда дар Душанбе вохӯрии сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Ғоиб бо сардори департаменти гумруки Вазорати молияи Афғонистон Наҷибулло Вардак баргузор шудааст.

Гуфта мешавад, зимни мулоқоти судманд ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо дар бахши гумрук ва масоили табодули маълумот миёни мақомоти ҳарду кишварро баррасӣ намуда, аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ миёни ҷонибҳо дар бораи табодули электронии маълумоти гумрукӣ санади дахлдор ба имзо расидааст.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон дар семоҳаи аввали соли равон беш аз 26 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 23% зиёдтар аст ва ҳудуди 20 млн. доллари ИМА аз ин маблағ ба воридоти маҳсулот аз Афғонистон ба Тоҷикистон рост меояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.