Таҷлили ҷашни 70-солагии Ғалаба дар Хуҷанду Кӯлоб

Субҳи имрӯз дар назди муҷассамаи ёдгорӣ барои ҳалокшудагон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва «Гулхани абадӣ» дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки собиқадорони ҷангу меҳнат, раҳбарияти вилояти Суғд ва ҳамчунин аҳли ҷомеаву сокинони шаҳр маросими тантанавии гулчанбаргузорӣ доир гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни суханронии худ раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ Ҷанги Бузурги Ватаниро […]

Баҳром Файзуллоев, Турко Дикаев



Субҳи имрӯз дар назди муҷассамаи ёдгорӣ барои ҳалокшудагон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва «Гулхани абадӣ» дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки собиқадорони ҷангу меҳнат, раҳбарияти вилояти Суғд ва ҳамчунин аҳли ҷомеаву сокинони шаҳр маросими тантанавии гулчанбаргузорӣ доир гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни суханронии худ раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ Ҷанги Бузурги Ватаниро аз ҷангҳои фоҷиабортарини башарият арзёбӣ карда, аз нақши ҷанговарони тоҷик дар таъмини Ғалаба ситоиш кард.

«Мо фахр аз он дорем, ки шумо – собиқадорони ҷанг, диловарони Ватан дар набардҳои шадиди солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ далериву шуҷоат нишон дода, алҳол бо таҷрибаи ғанӣ ва зиндагии ибратомӯзатон баҳри таҳкими истиқлолият, озодиву ободӣ, пешрафти Ватани азизамон ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва ватандӯстӣ саҳми шоиста доред», – иброз дошт раиси вилоят.

Пас аз маросими гулчанбаргузорӣ назди ҳозирин гузашти низомии хизмтчиёни ҳарбии қисмҳои низомии мустақар дар маркази вилоят барпо шуд.

Имрӯзҳо дар қаламрави вилояти Суғд 242 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ умр ба сар мебаранд, ки 23 нафарашон дар шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекунанд. Калонсолтарини онҳо 103 ва хурдсолтаринашон 89 сол доранд.

Дар арафаи таҷлили Рӯзи Ғалаба ба ҳар яке аз иштирокчиёни ҶБВ аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 1500 сомонӣ, аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба маблағи 1000 сомонӣ кӯмакпулиҳо расонида шуданд.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз дар мақомоти шахрдории Кӯлоб ба собиқадорони ҷанг аз номи президенти мамлакат, раиси вилояти Хатлон ва мақомоти шаҳрдории Кӯлоб кумакпулиҳо тақдим карда шуданд.

Маъмурияти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб низ собиқадорони муассисаи таълимиро табрику таҳният гуфта, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуд. Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдулллоҳи Рӯдакӣ низ имсол 70-солагиашро ҷашн мегирад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.