Баррасии масъалаи афви тоҷикистониёни қаблан аз Русия хориҷшуда

Рӯзҳои 27-29 май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии 10-уми гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия оид ба ҳалли масоили марбут ба иҷрои муқаррароти Созишнома миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004 баргузор мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ […]

Аваз Юлдошев



Рӯзҳои 27-29 май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии 10-уми гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия оид ба ҳалли масоили марбут ба иҷрои муқаррароти Созишнома миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004 баргузор мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ин робита иттилоъ дод, дар ҷаласа ҷонибҳо ҳамчунин ҷузъиёти масъалаи вобаста ба бекор кардани манъи вуруди гурӯҳҳои ҷудогонаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави Русияро низ матраҳ месозанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ ҳамчунин атрофи Созишнома миёни ҳукуматҳои ҳарду кишвар дар бораи суғуртаи иҷтимоӣ ва таъмини нафақаи шаҳрвандон низ табодули назар сурат хоҳад гирифт.

Бино ба маъулмоти мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон, айни замон беш аз 200 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар барои риоя накардани меъёрҳои қонунгузории муҳоҷирати Русия аз ин кишвар хориҷ шуда, дар як муддати муайян ба вуруд шудан ба қаламрави Русия ҳуқуқ надоранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.