Даъвати донишҷӯёни оянда ба шарманда накардани волидон дар хориҷи кишвар

Имрӯз дар Душанбе ному насаби хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумиро, ки ба макотиби олии байнулмилалии Малайзия ва Кипр дохил шудаанд, эълон карданд. Ба стипендияҳо хонандагони синфҳои 11 аз шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода соҳиб гардиданд. Хонандагони зинаи аввалро касбкарда бепул таҳсил мекунанд, толибилмони соҳиби ҷойҳои дуюм 25%-и маблағи таҳсилро пардохт намуда, 75%-и боқимондаи маблағ аз ҷониби ҳукумати […]

Маҳастӣ Дӯстурод



Имрӯз дар Душанбе ному насаби хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумиро, ки ба макотиби олии байнулмилалии Малайзия ва Кипр дохил шудаанд, эълон карданд.

Ба стипендияҳо хонандагони синфҳои 11 аз шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода соҳиб гардиданд. Хонандагони зинаи аввалро касбкарда бепул таҳсил мекунанд, толибилмони соҳиби ҷойҳои дуюм 25%-и маблағи таҳсилро пардохт намуда, 75%-и боқимондаи маблағ аз ҷониби ҳукумати ҶТ ва TM International пардохта мешавад ва хонандагони зинаи сеюмро ишғолнамуда нисфи маблағи таҳсилро аз ҳисоби худ пардохт мекунанд. Ҳамагӣ 26 толибилмон ба квотаҳо барои таҳсил дар мактабҳои олии Кипр ва Малайзия соҳиб шуданд.

Квотаҳоро ба хонандагони муваффақона имтиҳонҳои дохилшавӣ ба мактабҳои олии Кипр ва Малайзияро супурда сардори Раёсати ҳамкориҳои байнулмилалии Вазорати маориф ва илми ҶТ Абдусаттор Одинаев тақдим намуд.

Сипас ӯ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бархе аз донишҷӯёни соҳиби квота барои таҳсил дар хориҷи кишвар одоби рафтору кирдорро фаромӯш мекунанд: «Баъзе духтарони тоҷик дар хориҷи кишвар, ки аз назари волидон дуранд, машрубот истеъмол намуда, натанҳо дар хобгоҳҳо беодобӣ зоҳир мекунанд, балки чунин ҳодиса ҳатто дар назди даромадгоҳи сафорати Бразилия дар Русия низ рух додааст. Писарони тоҷик бошанд, аз таҳсил даст кашида, волидонро маҷбур мекунанд, ки ба онҳо пул фиристанд».

Одинаев ҳамчунин қайд кард, ки ҷавонон бояд масъулиятро эҳсос намуда, худ ва волидонашонро, ки ба ояндаи неки фарзандонашон умедворанд, шарманда насозанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.