Муовини нахуствазир ба таъмини бехатарии бозори дохилӣ дастурҳо дод

Мовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи 4-уми Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯроквориро баргузор намуд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» , дар ҷараёни ҷаласа зикр гардидааст, ки дар доираи Нақшаи гурўҳҳои кории соҳавӣ аз ҷониби вазорату сохторҳои масъул корҳои муайян иҷро гардида, Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони умумиҷаҳонии савдо ба […]

ASIA-Plus



Мовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи 4-уми Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯроквориро баргузор намуд.

Бино ба иттилои

АМИТ «Ховар»

, дар ҷараёни ҷаласа зикр гардидааст, ки дар доираи Нақшаи гурўҳҳои кории соҳавӣ аз ҷониби вазорату сохторҳои масъул корҳои муайян иҷро гардида, Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони умумиҷаҳонии савдо ба тасвиб расид.

Гуфта мешавад, ҳамчунин дар ҷаласа оид ба як зумра корҳои анҷомдодаи вазорату идораҳои марбута дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳо, аз ҷумла оид ба роҳҳои беҳтар намудани ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти ҶТ, доир ба роҳҳои беҳтар намудани бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ дар Тоҷикистон ва тадбирҳои баланд бардоштани маърифати истеъмолкунандагон дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ маълумот дода шуд.

Ба иттилои манбаъ, оид ба масъалаҳои байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растанӣ зикр шудааст, ки дар чор моҳи аввали соли 2015 ба Тоҷикистон аз дигар давлатҳо ба миқдори зиёд маҳсулоти гуногуни таҳти карантин қарор дошта ворид шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки муовини сарвазир барои тақвияти фаъолияти сохторҳои дахлдор дар самти таъмини ҳолати санитарию эпидемиологӣ ва ҳифзи бозори дохилии кишвар аз воридоти маҳсулоти хўрокворӣ бехатарияш таъминнабуда, масъулини дахлдорро вазифадор намуда, иҷрои ҳатмии нақшаи кории таҳияшударо тақозо кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.