Сармоягузории БАТР ба CASA-1000 бо шарти ислоҳот дар «Барқи тоҷик»

Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) бобати иқдомҳо ҷиҳати роҳандозии ислоҳот дар бахши энергетикаи ҷумҳурӣ тавофуқ ҳосил карданд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БАТР, барномаи таҷдид ба фароҳам овардани шароит барои амалисозии лоиҳаи муҳими фаромарзии интиқоли нерӯи барқи CASA-1000 имкон медиҳад. Дар маълумот қайд мешавад, ки санаи 15 май дар ҷаласаи ҳамасолаи Шӯрои мудирони […]

Пайрав Чоршанбиев



Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) бобати иқдомҳо ҷиҳати роҳандозии ислоҳот дар бахши энергетикаи ҷумҳурӣ тавофуқ ҳосил карданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БАТР, барномаи таҷдид ба фароҳам овардани шароит барои амалисозии лоиҳаи муҳими фаромарзии интиқоли нерӯи барқи CASA-1000 имкон медиҳад.

Дар маълумот қайд мешавад, ки санаи 15 май дар ҷаласаи ҳамасолаи Шӯрои мудирони БАТР ҳукумати Тоҷикистон ва БАТР Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд, ки он аз барномаи ислоҳот иборат буда, шарти пешакии маблағгузорӣ ба лоиҳа аст.

«Лоиҳае, ки дар он як қатор ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ бо шумули Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ ширкат меварзанд, аз чандин қисмат иборат хоҳад буд. БАТР имкони маблағгузории низоми интиқоли барқ дар дохили Тоҷикистонро баррасӣ дорад», – таъкид меосзанд дар бонк.

Гуфта мешавад, шарти дастрасӣ ба маблағгузории БАТР ислоҳот дар ширкати энергетикии «Барқи тоҷик»-и Тоҷикистон унвон шуда, дар доираи барномаи азнавсозӣ, ширкат қоидаҳои дастрасии ҷонибҳои сеюм ба хатти интиқоли барқро муайян мекунад ва ҳамчунин танзимгари мустақили бахши энергетика таъсис дода мешавад.

Ёддошти тафоҳум аз ҷониби мудири идоракунандаи БАТР оид ба энергетика ва захираҳои табиӣ Риккардо Пулити ва муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ба имзо расид.

Дар самти дастгирии бахши энергеткаи Тоҷикистон БАТР аллакай ба хотири анҷоми корҳои таъмиру азнавсозии нерӯгоҳи Қайроққум дар ҳаҷми 75 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ намуд. Дар ин лоиҳа ташкили механизми инноватсионии таъмини устуворӣ ба тағйирёбии иқлим пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст,, ки аз рӯи натиҷаҳои

ҷаласаи навбатии Шӯрои байниҳукуматии лоиҳаи CASA-1000

, ки дар Истамбул доир гардид, рӯзи 24 апрели соли равон  як қатор созишномаҳои лоиҳавӣ ба имзо расиданд.

Ёдрас мекунем, ки тибқи лоиҳаи CASA-1000  сохтмони хатти интиқоли барқи минтақавӣ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ мешавад.

Дар назар аст, ки нимаи аввали соли ҷорӣ паймонкори кулл барои амалисозии лоиҳа интихоб шуда, корҳои амалисозии лоиҳа бевосита моҳи июни соли равон оғоз шаванд.

Даҳаи сеюми моҳи январи соли ҷорӣ иттилоъ дода будем, ки 

барои маблағгузорӣ

 ба амалисозии қисмати Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) дар қаламрави кишвар, мақомоти Тоҷикистон сармоягузоронро дарёфт намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.